Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар кишвар, тағйироту иловаҳои муҳим дар қонунҳои кишвар дар ҷаласаи охири Маҷлиси намояндагон, натиҷаҳои ҳамоиши байналмилалии сармоягузории “Душанбе-инвест-2023”, таъмини амнияти ғизоӣ дар бахши истеҳсоли ганудум ва картошка дар кишвар ва ғайра матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 6 октябр мақолае бо номи “Тоҷикистон. Истиқлол ва заминаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқии густариши забони давлатӣ” чоп карда, дар он масъалаи рушд ва густариши забони давлатӣ дар солҳои соҳибиқтиқлолӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.
Муаллифи мақола менависад, “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” барои татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон қабул гардида, дар рушду густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ саҳми муҳим дошта, бобати рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад.
Дар баробари ин, ба таъкиди муаллиф, барномаи мазкур барои ташаккули худшиносӣ, худогоҳии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва инкишофи ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии аҳли ҷомеа таҳия шудааст.
Ба андешаи муаллиф, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду густариши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ беназир буда, маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” шумораи рӯзи 5 октябр мақолаи профессор С. Ятимовро зери унвони “Бозёфт ва тадқиқоти археологӣ-шакли инъикоси воқеияти таърихӣ” нашр кардааст. Муаллиф дар ин мақола назари худро роҷеъ ба китоби “Ёдгориҳои бостонии Фархорзамин” баён кардааст.
Муаллиф бо ишора ба маълумоти дар китоб зикршуда менависад, ки барои мисол, бо пайдо кардани зерсутунҳо, сутунҳои боҳашамат, тахтасангҳои коркардшудаи ороишӣ, доираҳои сангини бо гаҷ ороишёфта, олимон ба хулоса омаданд, ки дар мавзеи ҳозираи Куҳандиёр шаҳри бузурге қомат афрохта будааст ва дар маркази он қасри муҳташам вуҷуд доштааст.
Ҳамчунон, ба таъкиди муаллиф, муваффақияти муаллифон дар он аст, ки дар ҷараёни таҳқиқ ва тафсири ҳамаҷонибаи мавзуъ ва ҳадафи асар, онҳо аз сарчашмаҳои таърихӣ ва назарияи маълумот, далелҳои таърихӣ, усулҳои генетикӣ-таърихӣ, таърихӣ-муқоисавӣ, ва таҳлили ҳақиқати ҷамъиятию таърихӣ хуб истифода кардаанд. Хулоса ба гуфтаи муаллиф, тадқиқот дар бораи ёдгориҳои бостонии Фархорзамин барои донистани ҷузъиёти таърихи Ватани мо – Тоҷикистон иқдоми муҳим аст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 3 октябр хабар медиҳад, ки дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон рӯзи 2 октябр ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023” ва Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки тибқи он, воридоти гази табиӣ аз андоз аз арзиши иловашуда пурра озод гардид.
Ба гуфтаи Карим Гулмуродзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон, тибқи лоиҳаи мазкур, ба Кодекси андоз сархатти нав илова гардида, бо қабули лоиҳа воридоти гази табиӣ аз андоз аз арзиши иловашуда пурра озод мешавад. Яъне, минбаъд зарурати дар қонунгузории буҷет пешбинӣ намудани имтиёзҳо нисбат ба воридоти гази табиӣ аз байн меравад.
Бояд гуфт, ки мутобиқи моддаи 15 қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”, воридоти қувваи барқ ва гази табиӣ ба ҷумҳурӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50-фоизи меъёри муқарраршуда озод карда шуда буд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 5 октябр бошад хабар дод, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи охирин ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятӣ тағйироту иловаҳо ворид карданд, ки дар он барои истифодаи рақамҳои бегона ва қалбакии қайди давлатии мошинҳо ва сиёҳ кардани шишаҳои пешорӯи мошин ҷазои сангинтар муқаррар гардид.
Аз ҷумла барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами бегона ва ё барои идораи шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт, инчунин ба шахси дигар додани рақами қайди давлатӣ ҷарима ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2040 то 3400 сомонӣ) ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати як сол пешниҳод шудааст.
Ҳамчунин, барои идора намудани воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи шамолгардони пешорӯй ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (10200 сомонӣ) ҷарима муқаррар карда мешавад.
Дар баробари ин тибқи лоиҳа, барои тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол додан, истифода бурдан ё ба соҳибияти каси дигар додани рақами қалбакии қайди воситаи нақлиёт ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (34000 то 68000 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо муқаррар мегардад.
Дар баробари ин агар ин кирдорҳо бо мақсади содир ё рӯйпӯш намудани ҷиноят содир шуда бошанд, маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол ҷазо пешниҳод карда шудааст.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар шумораи рӯзи 5 октябр мақолае бо номи “Аз сарпарастии маънавии НБО «Роғун» то саробонии арзишҳои милливу давлатӣ” чоп кардаааст. Муаллиф менависад, ки ба шарофати азми қавӣ ва нияти неки Пешвои миллат дар муддати кӯтоҳ собит гардид, ки Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» барои Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дорад.
Ба гуфтаи муаллиф, агар Иттиҳоди Шӯравӣ барои сохтмони ин нерӯгоҳ чорсад корхонаро ҷалб карда бошад, ҳоло сохтмони нерӯгоҳ аксаран бо ҷалби бинокорону сохтмончиёни маҳаллӣ ҷараён мегирад.
Дар идома зикр мешавад, ки бунёди ин нерӯгоҳ ва дар баробари ин, дигар лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки содироти нерӯи барқро то 4 ҳазор мВт дар як сол афзоиш диҳад.
Ба хулосаи муаллиф, дар маҷмӯъ, бунёди НБО «Роғун» истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои таъмини зиндагии беҳтару шоистаи мардум аст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 4 октябр мақолаи номзади илмҳои филологӣ Раҷабалӣ Худоёрзода, “Муаммои имло. Ё вақте «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ғалат аст…” нашр кардааст. Муаллиф дар ин мақола менависад, ки имрӯз агар ба сатҳи забондонии мардум назар андозем, мебинем, ки вазъ чандон хуб набуда, сол то сол махлутшавии забон аз ҳисоби забонҳои бегона зиёд мешавад.
Дар ҳоле ки вақте ба мутолиаи осори гузаштагонамон мепардозем, мебинем, ки эшон забони хешро басо тозаву беолоиш нигаҳ дошта, тамоми талаботи меъёрию таърихии онро низ хуб риоя мекардаанд.
Муаллиф таъкид мекунад, ки имрӯзҳо меъёрҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз тарафи баъзе шаҳрвандон бинобар сабаби огоҳ набудан аз тарзи дурустнависӣ, якҷоя ё ҷудо навиштани ҳиссаи калимаҳо, бо тире ё нимтире навиштани вожаҳо, тарзи дуруст талаффуз кардан ва ё аз сатр басатргузаронии ҳиссаи калимаҳо риоя намегардад.
“Доир ба ин мушкилию муаммоҳо аз ҷониби олимони забондон ва донишмандони соҳа дар матбуоти даврӣ матлабҳои ҷолиб ба нашр расида бошанд ҳам, мутаассифона, вазъият то ҳол ҳамон хел идома дорад”изҳори нигаронӣ мекунад муаллиф.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 5 октябр матлабе дар мавриди афзоиши нархи орд дар кишвар нашр карда, менависад, ки бо вуҷуди болоравии қиматҳо дар Тоҷикистон камбуди орд вуҷуд надорад. Муаллиф бо такя ба омори расмӣ менависад, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон наздики 600 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст. Инчунин кишоварзони Тоҷикистон тибқи охирин омор имсол беш аз 817 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ кардаанд.
Дар баробари ин таъкид мешавад, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикситон инчунин 26,7 тонна орд воридот шуда, дар дохили кишвар бошад корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 322 ҳазор тонна орд истеҳсол кардаанд.
Нашрияи “Азия-плюс” дар матлаби дигари ин шумораи худ, мушкилоти қарзи пули барқ дар минтақаи Кӯлобро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб беш аз 391 млн. сомонӣ аз пули барқ қарздор ҳастанд, ки аз ин миён 232 млн. 417 ҳазор сомонии он ба аҳолӣ рост меояд.
Муаллиф дар идома навиштааст, ки яке аз сабабҳои афзоиши қарзи пули барқ он аст, ки идораву муассисаҳои буҷетӣ дар минтақаи Кӯлоб дар зимни пешниҳоди хароҷоти солонаи худ маблағ барои пардохти пули барқро кам нишонд дода, дар асл бошад як баробар бештар неруи барқ хароҷот мекунанд. Дар натиҷа сол ба сол қарзи муасиссаҳои буҷетии ин минтақа дар назди шабакаҳо барқӣ зиёд мешавад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”