Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ ва Олмон» иштирок намуданд

 29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ сарони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкории судмандро мавриди муҳокима қарор доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ва давлатҳои минтақа барои амиқтар намудани ҳамкории минтақавӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, аз ҷумла обу энергетика, саноат нақлиёту коммуникатсия ва ғайра саъю кӯшиши муштарак доранд.

“Мо манфиатдорем, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Олмон ва давлатҳои минтақа бо назардошти иқтидори ҷонибҳо афзоиш ёбад”, — иброз доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Пешвои миллат дар ин зимн рушди ҳамкорӣ дар соҳаи “иқтисоди сабз”, рақамикунонӣ ва инноватсияро амри муҳим шумурданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иқтидори захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, барои истеҳсоли “неруи сабз”, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли масоили глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ намуда, дар ин самт густариши ҳамкориро бо шарикон, аз ҷумла бо Олмон муҳим арзёбӣ намуданд.

Равона намудани талошҳо дар минтақа ба бунёди занҷирҳои истеҳсолӣ, ҳавасмандгардонии фаъолияти содиротӣ ва васеъ намудани номгӯи молҳои пешниҳодшаванда муҳим шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ҳамчун заминаи таъмини амнияти озуқаворӣ аз самти афзалиятноки ҷалби сармоя маҳсуб мешавад.

Кишвари мо аз сарватҳои гуногуни маъданӣ бой аст. Бинобар ин, Тоҷикистон барои рушди ҳамкорӣ бо шарикон дар соҳаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ манфиатдор мебошад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба афзоиши содироти маҳсулоти саноатӣ ва дигар навъҳои маҳсулот ба бозорҳои ҷаҳонӣ ҳавасманд аст.

Дар ин робита Сарвари давлат содда намудани дастрасӣ ба бозори Аврупо ва ташаккули муштараки долонҳои самарабахши нақлиётию логистикиро амри муҳим маънидод намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аз татбиқи ташаббусҳо ҷиҳати пешбурди алоқаи нақлиётӣ ва энергетикӣ байни Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳо, инчунин рақамикунонии тиҷорат истиқбол намуданд.

Зимни баррасии масъалаи ҳамкории амниятӣ қазияи Афғонистон зикр гардида, таъкид карда шуд, ки мо тарафдори зудтар пойдор гардидани сулҳу амният ва субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳастем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва тайёр кардани кадрҳо барои соҳаҳои мухталифи иқтисод ҷалб карданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ Эъломияи муштараки Сарони давлатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон қабул гардид.