Тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон аз 19-умин Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 бо натиҷаҳои назаррас ба ватан баргаштанд.
Ҷудокорони номошноӣ тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-81кг) бо медали тилло, Темур Раҳимов (+100кг) бо медали нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) бо медали биринҷӣ 19-умин Бозиҳои Осиёиро ҷамбаст намуданд.
Дар Фурудгоҳи Байналмиллалии шаҳри Душанбе ин паҳлавононро роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияи ҷудо, наздикони пайвандон, варзишгарону собиқадорони соҳа ва дӯстдорони варзиши кишвар самимона истиқбол гирифтанд.