23 сентябри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ш. Ню-Йорк бо ҳамоҳангсози махсус оид ба арзёбии мустақил тибқи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ 2679 (2023) Феридун Синирлиоғлу мулоқот намудааст.
Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, бахусус таҳдидҳои аз Афғонистон зуҳуркунанда табодули назар намуданд.
Ба иттилои манбаъ, Сироҷҷидин Муҳриддин ба самъи намояндаи СММ мавқеи Тоҷикистонро оид ба вазъият дар минтақа расонидааст.
Ёдовар мешавем, ки чанд моҳ қабл Феридун Синирлиоғлу аз ҷониби Шӯрои амнияти СММ ба ҳайси ҳамоҳангсози махсус оид ба арзёбии мустақил дар умури Афғонистон таъин гардида буд, ки вазифаи он мустақилона арзёбӣ масъалаи Афғонистон ва пешниҳоди роҳҳалҳо барои расидагӣ ба масъалаи Афғонистон мебошад. Феридун Синирлиоғлу як муддат ба сифати вазири корҳои хориҷии Туркия низ фаъолият кардааст.