Давоми чанд соли охир аст, ки соҳаи кирмакпарварӣ дар мамлакат чандон хуб рушд накарда, даромади зиёд аз ин соҳа ба даст овардан ғайриимкон буд. Аммо бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам оварда шуд, то хоҷагидорон бемамониат соҳаи мазкурро дар тамоми минтақаҳои кишвар рушд бидиҳанд. Сарвари давлат дар паёми соли қаблӣ (2022) таъкид намуданд, ки соҳаи пиллапарвариро ҳарчи зудтар рушд додаву ба истеҳсоли матоъҳои ватанӣ, аз ҷумла шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуъоти бофандагии дастӣ пардозем, зеро ба ин васила имкон аст, занҳои хонашин бо ҷойи кори сердаромад таъмин гарданд.
Ба таъкиди Ҷаҳонгир Маъруфов, котиби илмии Маркази ҷумҳуриявии илмию-тадқиқотии пиллапарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаи кирмакпарварӣ ҳар чӣ бештар майдонҳои тутзорро зиёд намуд. Ба гуфтаи ӯ ғизои асосии кирмаки пилла барги тут ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар соли 2022 ба миқдори беш аз 400 тонна пилла ҷамъоварӣ карда шуд, ки ин нишондод нисбати солҳои қаблӣ ба маротиба афзудааст.
Масъулини соҳа талош бар он доранд, ки дар солҳои баъдӣ навъҳои тути интенсивиро дар заминҳои обии кишвар бештар ба роҳ монда, соҳаи кирмакпарвариро боз ҳам хубтар рушд бидиҳанд. Чун ин навъи тутҳо ҳам аз ҷиҳати ғизоӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҳосилнокӣ муфид аст. Олимони соҳаи кирмакпарварӣ ба хотири кашфи зотҳои сермаҳсул тадқиқотҳои зиёди илмӣ мебаранд.
Маврид ба зикр аст, ки санаи 28-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш дар ҷаласаи 17-уми байни ҳукуматии ЮНЕСКО номинаи “Анъанаи кирмакпарварӣ” баррасӣ шуда, пиллапарварӣ расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки ин боис мегардад, то соҳаи мазкур ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар солҳои наздик соҳа дар сатҳи зарурӣ рушд ёбад.
КОМРОНИ АБДУВАЛӢ
радиои “Тоҷикистон”