Сомон Маҳмадбеков ба финали Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу-2022 баромад

Паҳлавони ҷавону умедбахши тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-81кг) дар рӯзи дуюми рақобатҳои ҷудо дар Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу тавонист бо шикаст додани ҳамаи рақибони ба финал барояд.

Сомон дар рақобати аввалинаш бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин пирӯз шуда, ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври 1/4 финал Махмадбеков бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғиз ғалаба карда, ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифт.

Сомон дар даври ниманиҳоии Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 бар Абулайхан Жубаназари қазоқ бо имтиёзи вазарӣ ғалаба карда, ба финал баромад.

Рақобати финалии Сомон пас аз нисфирӯзии имрӯз сурат мегирад.

Сорбон Амонуллозода