19 сентябри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ш. Ню-Йорк бо дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ҳелга Шмид вохӯрӣ намудааст.
Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистону САҲА-ро дар чаҳорчӯби се ченаки ҳамкорӣ – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба вазъ дар минтақа ва Афғонистон, мубориза бо терроризм, ҳамкорӣ дар масъалаҳои обу иқлим табодули назар намуданд.