Имрўз дар толори меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотии қабл аз дидори дастаҳои “Равшан”-и Тоҷикистон ва “Равшан”-и Туркманистон баргузор гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки ин вохурӣ дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ сурат мегирад. Зимни нишасти хабарӣ аз ҷониби дастаи «Марв» сармураббӣ Виталий Алекперов ва бозигари даста Мердан Сапаров ба суоли хабарнигорон посух дода, интизориашонро аз бозӣ бо “Равшан” баён доштанд. Виталий Алекперов зимни суҳбат ба вазъи омодагӣ ва кадрии бошгоҳи шаҳри Кўлоб баҳои баланд дода, ҳамзамон аз ҳаводорону мухлисони овозадори он ёдоварӣ кард.
Сармураббии дастаи «Равшан» Тоҳирҷон Муъминов ва капитани бошгоҳи шаҳри Кӯлоб Холмурод Назаров ба мухлисон ваъдаи ғалаба дар ин рақобати муҳимро карданд. Ба андешаи онҳо дар ин бозӣ на танҳо обу рўи дастаи “Равшан”, балки имиҷи футболи Тоҷикистон дар миён аст, ки аз он ҳимоят хоҳанд намуд.
Ёдовар мешавем, ки бози миёни дастаҳои “Равшан”-и Тоҷикистон ва “Марв”-и Туркманистон пагоҳ (21.09.23) дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор, соати 19:00 баргузор мешавад.
Мансур Шоҳиён
радиои “Тоҷикистон”