“Бешаи Палангон” ҳам ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ ворид шуд

20 сентябри соли 2023 зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, ёдгории табиии “Бешаи Палангон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини иҷрои супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода ва пешниҳоди Номзадии мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” ҷиҳати воридшавӣ ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҳанӯз аз соли 2021 оғоз гардида буд.

Бинобар ин, ҷиҳати омода ва пешниҳод намудани Номинатсияи мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО Гурӯҳи кории махсус аз ҳисоби кормандону мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва коршиносони миллии соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда таъсис дода шуда буд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист тибқи дархости Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат маводҳои иловагӣ ба Номинатсияи мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон”-ро омода карда, дар муҳлати муқарраргардида бо роҳҳои дипломатӣ ба Маркази мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дастрас намуд.

Пеш аз ин 17 сентябр зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ идома дорад, ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии Роҳҳои Абрешим: «Зарафшон-Қароқум» (ёдгориҳои Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро) ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида буд.

Ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ аз 10 оғоз шуда, то 25 сентябри соли 2023 дар Арабистони Саудӣ идома меёбад