Баргузории даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб»

Дирӯз дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон” таҳти унвони “Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб” баргузор шудааст.

Ба иттилои Вазорати фарҳанг чорабиниро сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орифӣ Озар Баҳромзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҳадафу вазифаҳо ва шартҳои озмун шинос кард ва ба иштирокдорон барору комёбӣ таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки даврҳои якуму дуюми озмун дар минтақаҳои кишвар аз рӯйи номинатсияи “Хонандаи беҳтарини китобхона” байни синфҳо 9 ва 10-и муассисаҳои таълимӣ баргузор шуда, тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон ба даври сеюм 24 нафар довталаб роҳхат гирифта, байни ҳам қувваозмоӣ мекунанд.

Ҷамъбаст ва маросими мукофотсупории озмун 21 сентябри соли 2023, соати 10:00 дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов баргузор мешавад.