Истифодаи аз меъёр зиёди телефон ба бемории саратон оварда мерасонад

Бо фароҳам омадани шароити мусоид шаклҳои гуногуни смартфонҳои дорои имкониятҳои васеъи иттилову маълумот рӯйи кор омада, дастраси ҳамагон мегарданд. Вале фарҳанги корбурди онро дар мадди аввал риоя намудан аз манфиат холӣ нест. Зеро ин дастгоҳи кӯчак метавонад, дар баробари кори моро осон намудан, инчунин ба саломатиамон зиён расонад. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз аз ҷониби бархе ҷавонон фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ дуруст риоя намегардад. Онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо садои баланду дағалгуфторӣ бо ҳамсуҳбати хеш дар муошират мешаванд, ки ин чандон ба фарҳанги мо хос набуда, имкон дорад, то ба кори дигарон халал эҷод намояд.

Худ медонем, ки аз ҳад зиёд истифода бурдани телефони мобилӣ ба бунияамон таъсири манфӣ мерасонад. Аммо аз чӣ бошад, ки бетаваҷҷӯҳӣ ба саломатии хеш зоҳир намуда, давоми рӯз соатҳои тӯлонӣ аз ин дастгоҳ истифода менамоем? Мутахассисони риштаи тиб борҳову борҳо тариқи оинаи нилгун аз бобати зарари телефон ба организми шахс гуфтанду мегӯянд, вале боз аз чӣ бошад, ки ҳамон амали худро идома медиҳем. Нигаронкундааш он аст, ки модарон василаи хуби хомӯш сохтани гиряи кӯдак ва банд шудани онҳоро бо телефонӣ мобилӣ медонанд. Табиби кӯдакона, Дилафрӯз Ҳамроева бар он назар аст, ки системаи асаби кӯдак осебпазир буда, истифодаи аз меъёр зиёди телефони мобилӣ нисбат ба калонсолон таъсири бештар мерасонад.

Паҳлӯи дигари ин масъала он аст, ки имрӯз телефонро мо дар ҷайби худ мегардонем, ки ин амали мо умуман нодуруст аст. Бояд онро дар ҷувздон ва ё ин, ки дар портфели худ гузошта, баъдан ба ҷойе сафар намоем. Инчунин аксари мо ҳангоми хоб рафтан телефони худро зери болин ва ё ин, ки дар ноқили барқӣ васл карда, хоб мекунем, ки ин ҳолат низ ба саломатиамон хатари ҷиддӣ хоҳад расонид. Ба назари табиб, Қутбиддин Ҳалимов ҳангоми хоб рафтан телефон бояд дар масофаи на камтар аз 3-метр дуртар аз рахти хоб гузошта шавад.

Бояд гуфт, ки саломатии ҳар як инсон маҳз дар дасти худи ӯст. Агар мо аз телефонҳои мобилӣ дуруст истифода барем, қоида ва меъёрҳои муайяни истифодабарии онро риоя намоем, метавонем аз зарарҳои он эмин бошем.

КОМРОНИ АБДУВАЛӢ

радиои “Тоҷикистон”