Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии (ММД) Осиёи Марказӣ дар давоми 20 сол беш аз 7 маротиба афзудааст. Суръати солонаи рушди иқтисодӣ дар ин давра 6,2%-ро афзоиш ёфтааст.
Ин нуктаро вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар Форуми иқтисодӣ дар мавзӯӣ «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» баён дошт. Ба таъкиди Завқӣ Завқизода дар ин давра афзоиши миёнаи солонаи иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамагӣ 2,6 фоизро ташкил дода буд.
Ҳиссаи Осиёи Марказӣ дар ММД-и баробарии қудрати харид 1,8 баробар, гардиши савдои хориҷӣ шаш баробар, ҳаҷми сармоягузории захирашудаи мустақими дар минтақа 17 баробар, гардиши савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ шаш баробар, аҳолии Осиёи Марказӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои муҳим аст, 1,4 баробар афзудааст.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”