Cифати маҳсулот – омили рақобатпазирии он дар бозор

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ – «Саноатикунонии босуръати кишвар» ва дар ин замина мусоидат ба истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар толори Агентии Тоҷикстандарт дар мавзӯи «Ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ – омили асосии истеҳсоли маҳсулоти босифат ва бехатар» семинар – машварати омӯзишӣ баргузор гардидааст.

тавре Агентии Тоҷикстандарт хабар медиҳад, ҳадафи асосии баргузории семинар – машварати омӯзишӣ ин такмили донишу маҳорати касбии мутахассисони соҳа ва истеҳсолкунандагони ватанӣ буд.

Ҳамоишро муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Рустамзода Малоҳат ифтитоҳ намуд ва оид ба муҳиммияти татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар истеҳсолот ибрози ақида карда, аз ҷумла, таъкид дошт, ки амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ – «Саноатикунонии босуръати кишвар» ҳар як мутахассис ва ҳар як соҳибкору истеҳсолкунандаро водор месозад, ки талаботи стандартҳои байналмилалиро риоя намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда мусоидат намояд. Ҳамзамон, дар ин раванд изҳор гардид, ки Агентии Тоҷикстандарт омодааст, ки дар доираи ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ барои омӯзиши соҳибкорон дар самтӣ ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ аз ҳама имкониятҳо истифода намояд.

Дар идомаи семинар-машварат сардори шуъбаи тасдиқи мутобиқати системаи идоракунии сифати Агентии Тоҷикстандарт Азалшоҳ Воҳидзода баромад карда, роҷеъ ба муҳимияти стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ибрози ақида намуд. Ӯ қайд дошт, ки дар ҳақиқат, ҷорӣ намудани низоми нави идоракунии сифат дар корхонаҳои ватанӣ, пурзур намудани назорати давлатӣ дар коргоҳҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ омили муҳими маҳсулоти босифату рақобатпазир истеҳсол кардани корхонаҳои ватанӣ мегардад, ки ин ба баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва иқтисодии мамлакат мусоидат менамояд.

Дар фарҷом намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ аз баргузории вохӯрии судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, ба саволҳои худ аз ҷониби мутахассисон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки баргузории чунин семинар – машваратҳои омӯзишӣ, бо истеҳсолкунандагони ватанӣ барои истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир, гузариш ба низоми идоракунии сифат – саноатикунонии босуръати кишвар заминаи воқеӣ мегузорад.