Вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти раҳбарони минтақаро дар Душанбе баррасӣ хоҳанд кард

Вазирони умури хориҷаи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон дар Душанбе мулоқоте анҷом дода, асноди ниҳоии нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва масоили байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, нишасти мазкур таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор гардида, роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва номгӯи асноди ниҳоии онро баррасӣ ва тасдиқ мекунанд. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазирон ҳамчунин доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ ва масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар мекунанд.

Бояд зикр намуд, ки панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзҳои 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо баргузории ҷаласаи Шӯрои IFAS, ки соли 1993 бо ҳадафи рафъи бӯҳрони экологӣ ва беҳбуди вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҳавзаи хушки Арал таъсис ёфтааст, дар назар аст.