12 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе машваратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба омодагӣ ба Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА), ки 14-15 сентября соли ҷорӣ таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор хоҳад шуд, доир гаштанд.
Зимни нишаст матни лоиҳаҳои Изҳороти муштарак аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Изҳороти душанбегии сарони давлатҳои муассиси ФБНА ва номгӯи ҳуҷҷатҳои хотимавии саммитҳои дарпешистода мувофиқа шуданд.
Бастаи ҳуҷҷатҳо ба баррасии Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 13 сентябри соли 2023 дар Душанбе танзим хоҳад шуд, пешниҳод гардиданд.
Машваратҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтанд.