Тими мунтахаб олимпии Тоҷикистон (U-23) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) зери роҳбарии Мубин Эргашев ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт. Ҷоми Осиё аз 15-уми апрел то 3-юми майи соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

Тими олимпии Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тими Австралия бозиро бо натиҷаи мусовӣ 1:1 ҷамбаст карда, дар гурӯҳи «I» ҷойи дуюмро касб намуд. Голро аз ҳайати дастаи олимпии кишвар дар ин рақобат Рустам Соиров ба самар расонд.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23)
Гурухи «I»
Даври 3-юм
Австралия – Тоҷикистон 1:1
Голҳо: Камерон Пеупион, дақ-12 (1:0). Рустам Соиров, дақ-28 (1:1)