Шаҳраки «Тахти Сангин» дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад.
Шаҳраки «Тахти Сангин» ба асрҳои IV то мелод – III мелодӣ мансуб буда, таҷассумгари маданияти элинӣ ба шумор меравад. Ин шаҳри замони атиқа бо сабки юнонӣ сохта шудааст. «Тахти Сангин» мавзеи таърихиест, ки димна ва ё шаҳрак унвон гирифтааст. Шаҳрак дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён дар ҷануби кишварамон мавқеъ дошта, ба асрҳои IV пеш аз милод тааллуқ дорад.
«Тахти Сангин» -номи шартии ин ёдгорӣ аст. Бо ин унвон дар сарчашмаҳо ва навиштаҳои таърихӣ зикр нашудааст. Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносон маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз сангҳо бино шудааст, бинобар ин олимон шартан Тахти Сангинаш номиданд. Ва ҳам монандӣ бо Тахти Ҷамшед – пойтахти Порси куҳан, ки дошт, дар номгузорӣ ба он пайравӣ намуданд. Дар «Тахти Сангин» маснуоти оҷӣ (устухони фил) хеле зиёд ёфт шуданд. Ба василаи ҳамин роҳу корвони аз Ҳиндустону Африка ба ин минтақа устухони фил оварда мешуд.
«Тахти Сангин»-ро дар ҷойи муносибу мусоид пай афкандаанд. Аз самти ғарб бо куҳҳои баланд ва аз самти шарқ бо рӯди бузург ҳимоя мешуд. Яъне душман наметавонист ба осонӣ вориди шаҳр гардад. Аз ҷануб ва шимол бошад меъморони даврон ду қатор деворҳои ғафсу устувор сохта буданд. Масоҳати шаҳрак 75-гектарро ташкил медиҳад. Ду дарвоза: даромаду баромадро муҳайё месохт. Дар паҳлӯ ва қадқади деворҳо бошишгоҳҳои сарбозон ва муҳофизон, дар самти шимол ва ҷануб корвонсаройҳо ва ҷойи истиқоматии ҳунармандону косибон қарор дошт. Тарҳи иморатҳо аз завқи баланди устокоронаи меъморон гувоҳӣ медиҳанд.
Дар дохили шаҳристон диж ё арки бузург қомат афрохта, ки дарозиаш 237 метр ва бараш 165 метр будааст. Диж ё арк аз қисматҳои дигар бо бузургию азамат фарқ мекард. Ҷой, идора ва маҳалли зисти ашрофзодагон ва роҳбарон ҳисоб мешуд. Ин албатта хоси шаҳрҳои пешин аст, ки ҷойи ҳайрон шудан надорад. Арк бо деворҳои сангин иҳота шуда буданд, ки то ду метр ғафсӣ доштанд.
Абурайҳони Берунӣ чунин менигорад, ки Искандари Мақдунӣ баъди кишваркушоиҳояш якчанд шаҳрҳои нав бунёд намуда, баъзеяшонро бо номи худ гузоштааст, масалан: Искандария дар Миср, инчунин Искандарияи Эсхата яъне Хуҷанди имрӯза ва ҳамчунин дар сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр 9 шаҳри нав бунёд месозад. Бо эҳтимоли зиёд гуфтан мумкин аст, ки «Тахти Сангин» яке аз онҳост. Муҳимтарин ва ҷолибтарин бозёфт аз ин минтақа ин Хазинаи Амударё ба шумор меравад. Ин хазина инчунин бо номи Ҷавоҳироти Окс машҳур аст. Хазинаи Амударё иборат аст, аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин, теъдоди онро олимон 1300 номгӯй меҳисобанд. Хазинаро соли 1877 тоҷирони бухороӣ дар Қубодиён (Тахти Қубод) пайдо намуда, онро бо худ барои тиҷорат ба Ҳиндустон бурданд. Дар Ҳиндустон аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина ба дасти амалдорони бритониёгӣ афтида, ба осорхонаи шаҳри Лондон интиқол меёбанд. Муҳаққиқи англис О.М. Далтон Хазинаи Амударёро ба бозёфтҳои шаҳраки «Тахти Сангин» нисбат дода, онро номгузорӣ намудааст. Ба андешаи ӯ, дар натиҷаи тиҷорату дуздӣ ва дигар омилҳо, то замони мо моли осорхонаи Британия гардиданд. Ин бозёфтҳо, шояд дар байни онҳо инчунин молҳои дигари қимматбаҳо низ буданд, вале нобуд гардиданд. Ин коллексияи хазина ба бозёфтҳои Бохтари Шимолӣ тааллуқ доранд. Инчунин, мувофиқи тадқиқотҳои таърихшинос И.Р. Пичкиян «Хазинаи Амударё» аз ганҷинаҳои “Маъбади Окс”, ки дар охири асри IV то мелод бунёд шудааст, иборат аст. Ганҷинаҳои маъбади Окс аз инъому бахшишҳои сокинон ба маъбаду худованди Окс (Вахшу) иборатанд.
Мувофиқи нишондоди олимону бостоншиносон ин маъбади назр буд. Яъне мардум барои гузаштан аз дарё ва ҳалли дигар мушкилоташон дар ин ҷо ба сифати назр ашёҳои гаронарзишро мегузоштанд. Дар ин хазина инъому бахшишҳои бохтариҳои қадим, юнониён (маданияти элинҳо) ва давраи кушониён, ки назр гузошта буданд, маҳфузанд.
Ин маъбад муддати тӯлонӣ, яъне тахминан то асри I мелодӣ амал мекард ва мақому мартабаи хешро нигоҳ медошт. Аз тарафи ғарбӣ димна бо доманаи қаторкуҳи Тешиктош пайваст мешавад. Димна аз арк ва иморатҳое, ки аз шимол ба ҷануб ба масофаи 1 км тӯл кашидааст, иборат мебошад. Аркро асосан Маъбади Окс ба андозаи 51х51 фаро гирифтааст. Ҳоло Хазинаи Амударё, ё худ Ҷавоҳироти Окс дар осорхонаи Британия ва осорхонаи Виктория ва Алберти Англия маҳфуз аст. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бошад, амсилаашон нигоҳдорӣ мешаванд.