ЭЪЛОМИЯИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАҚШИ ТАЪРИХИИ ОН

Таърих гувоҳ аст, ки дар тули ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз думболи ҳар шикасту инқироз боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Аз сарчашмаҳои таърихӣ ва махзанҳои гуногуни илмиву таҳқиқотӣ бармеояд, ки миллати тоҷик дорои таъриху маданияти бузург буда, тоҷикон ҳамчун сокинони бумии минтақа дар рушди тамаддуни башарӣ нақши бориз доштаанд. Тоҷикон дар ҳама давру замон новобаста ба мушкилоте, ки аз тарафи аҷнабиёну душманони миллат ба сари онҳо меомад, ҳамеша бо таҳаммулпазириву якдигарфаҳмӣ ва ваҳдату хештаншиносӣ барои устувор нигоҳ доштани асолати хеш кӯшиш мекардаанд ва аз рӯи ин ҳақиқати таърих корнамоиҳову анъанаҳои некеро ба ёдгор гузошта, то замони мо ин рукн устувортару қавитар гардид ва эътибору эҳтироми тоҷикон дар арсаи олам боз ҳам афзун шуд.

Таърих гувоҳ аст, ки маҳз дар давраи ҳукмронии сулолаи калонтарини тоҷикон, сулолаи Сомониён оммаи халқ таҳти роҳбарии Исмоили Сомонӣ истиқлолияти комилро ба даст оварда, нахустин бор пас аз истилоҳи араб сарзамини дар натиҷаи задухурдҳои дохиливу берунӣ парешоншударо ба ҳам мутаҳҳид кард ва давлати бузурги мустақилро ба вуҷуд овард. Кӯшиши Исмоили Сомонӣ бо назардошти ҳифзи манфиатҳои омма, заминдорони калону аёну ашрофи он давраро зери таъсири сиёсати худ намуда, дар ин замина пояҳои давлат ва муносибатҳои ҷамъиятиро мустаҳкам ва истиқлолияти ҳақиқиро ба даст овард. Чунин муносибат ба таъсиси давлати нави тоҷикон ва ҷорӣ намудани ҳукумати марказиятпайдокарда мусоидат намуд. Дар заминаи гузаронидани корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва бо далелҳои муътамади вобаста ба соҳибтамаддун ва дорои тафаккури миллӣ ва худшинос будани тоҷикон Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари безаволи худ “Тоҷикон” низ ишораҳо намудааст.

Бо гузашти солҳо ва асрҳо барои миллати тоҷик имконияти боз ҳам аз сари нав таъсис додани давлати навини тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолияти комил фароҳам оварда шуд. Дар ин асно саҳми беназири фарзонафарзанди тоҷик, шахсияти нотакрори таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсин аст. Маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккулу пойдории давлат ва соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони озоду обод ҷонбозиҳо карда, дар таъмини амну субот ва зиндагии шоиста барои ҳар фарди мамлакат заҳматҳои шабонарӯзӣ кашидаанд.

Бори нахуст дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (24 августи соли 1990) “Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон” пазируфта шуд ва аз он давра дар сарнавишти тоҷикон марҳилаи нави таърихӣ оғоз гардид, ки тибқи талаботи он Тоҷикистон минбаъд метавонад дар қаламрави худ тамоми масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданиро мусақилона ҳал намояд, ба ҷуз аз баъзе самтҳое, ки ихтиёран ба зиммаи Иттиҳоди Шуравӣ вогузоршуда буданд. Бо мурури замон ва сар задани ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон, муташанниҷ гардидани вазъи сиёсӣ, мудохилаи неруҳои манфиатҷӯйи дохиливу хориҷӣ, раванди амалисозии гузаштан ба низоми нави давлатдорӣ халалдор гардид. Гуруҳҳои тундраву ифротгаро бо дастури хоҷагони хориҷии худ кӯшиши боз ҳам бадтар намудани вазъ дар мамлакат ва ҳар чи зудтар ба сари қудрат омаданро ҳамаҷониба тарҳрезӣ намуда, мардуми одиро ба ҳар гуна восита ба доми фиребу найранг ва дасисабозиҳои худ дароварда, ҷиҳати ташкил намудани гирдиҳамоиҳо, мардумро ба майдонҳо мебаровардаанд.

Новобаста аз ҳамаи душвориҳои сиёсиву иқтисодӣ Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (24 августи соли 1990) қабул гардида, он минбаъд ҳамчун санади муҳим ва тақдирсозу нахустин ҳуҷҷат дар масири истиқлолияти Тоҷикистон эътироф гардид ва дар ин замина бо райъи вакилони халқ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият шинохта шуд. Дар асоси ин ҳуҷҷат муҳим таъсиси ҳокимияти нави конститутсионӣ, давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, гуногунандешиву бисёрҳизбӣ, баробарҳуқуқии тамоми миллатҳои дар кишвар иқоматдошта ва озодии шаҳрвандон кафолат дода мешуд.

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати таҳкими давлатдории навини тоҷик, устувор нигоҳ доштани пояҳои истиқлолияти кишвар ва муаррифии ин кишвари навбунёд дар ҷаҳон корҳои зиёде ва заҳматҳои шабонарӯзӣ лозим буд. Хушбахтона, бо дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон ва меҳнатҳои хастанопазири Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори ҷавони давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди эълон гардидани соҳибистиқлолии Тоҷикистон ислоҳоти ҷиддӣ дар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, қабули Конститутсияи нав, таъсиси Артиши миллӣ, рушди хизмати давлатӣ, таҳия ва қабули ҳадафҳои стратегӣ ва консепсияҳои рушд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, баланд бардоштани мақому манзалати бонувон, дастгирии ҷавонон, тақвият додани ҳамкориҳои дипломативу сиёсӣ бо кишварҳои хориҷи мамлакат то ташаббусҳои созанда ба вуқуъ пайваста, дар рушди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявиву ягонаи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи хуби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ гузошта шуд. Феълан ин бузургтарин неъмат, истиқлолияти давлатӣ, ки 32-солагии онро имсол мардуми шарифи Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон бо шукргузорӣ аз суботи ҷомеа таҷлил мекунанд, ба раванди амалисозии ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикон дар бораи соҳибватан будан нақши асосӣ дорад. Тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи малакат бо назардошти иҷрои меъёрҳо ва талаботи Эъломияи соли 1990 матраҳ гардида, нақши ин санади муҳим дар давлатсозии тоҷикон калидӣ буд. Минбаъд тамоми матлабҳое, ки дар санади мазкур ба сифати соҳибихтиёр будани давлати тоҷикон шаҳодат медиҳад, барои рушди давлати бузурги тоҷикон, соҳибтамаддун ва таърихи пурғановату соҳибсалтанат ва дорои ҳудуду молу анвол будани он такони ҷиддӣ бахшида, соҳибэҳтиромии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохтаанд ва минбарҳои баланди ҷаҳониро ҷиҳати пешниҳоди ташаббусҳои созанда дар ихтиёрашон қарор додаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китобашон “Тоҷикон дар оинаи таърих” менависанд: “…ҳар хишти иморати мӯҳташами истиқлолияти навинро бо заҳматҳои гарон болои ҳам мечиндем ва ин амри табиист, зеро бинои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар дунёи пурҳаводиси оғози ҳазорсолаи сеюм бояд тарҳу симои хосаеро соҳиб шавад ва тақдири гузаштаву ояндаи миллатро фаро гирад”. Дар воқеъ андешаи истиқлолхоҳӣ ва таъсиси як давлати воҳиду тамаддунсоз ва дорои истиқлолияти комил, омили муайянкунандаи пешрафти ҷомеаи мо гардид.

Соҳибистиқлол гардидани кишвари тоҷикон дар раванди ҷаҳонишавӣ кори саҳлу осон набуд, вале хиради азалии мардуми соҳибхиради тоҷик ва баракату нусрати Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани истиқлоли миллӣ мусоидат намуда, аз ҳар як фарди баору номуси кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ҳифзи ин дастовари бузурги миллӣ ҳамаҷониба кушиш намоянд.

Назира АМИРБЕКЗОДА,

директори Маркази омӯзиши

“Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”,

номзади илмҳои филологӣ