Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ҷумҳурии Қазоқистон бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷлили рӯзи Дониш дар кишвар, паёмади боронҳои шадиди рӯзҳои 27 ва 28 август дар манотиқи кишвар ва хуруҷи бемориҳои мавсимӣ аз ҷумлаи муҳимтарин мавзӯҳои нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 28 август аз сафари кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, мулоқоту суҳбатҳои Сарвари давлат бо роҳбарияти олии Қазоқистон хабару гузоришҳои муфассали расмӣ чоп намудааст.
Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 25-уми август дар толори Театри давлатии опера ва балети “Остона Опера” бо иштироки раҳбарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, аз 24 то 29 август дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкент барномаҳои консертӣ, намоишгоҳи ҳунармандон, намоиши аксу мусаввараҳо, либосҳои миллии тоҷикӣ ва филмҳои бадеию таърихӣ баргузор шуд. Инчунин дар доираи Рӯзҳои фарҳанг дар шаҳрҳои Остона ва Алмаато мизҳои мудаввар ва мулоқотҳои намояндагони зиёиёни илмӣ ва эҷодии ду кишвар доир шуданд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 29 август мақолаи академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сарлавҳаи «Кӯри худу бинои мардум. Нигоҳе ба китоби хотироти Абдухалил Холиқзода «Ҳаводиси рӯзгори ман» чоп кардааст.
Муаллиф баъд аз нақли китоби мазкур изҳор доштааст, ки «дар оянда хуб мешавад, ки чунин китобҳои оммавӣ аввал дар ягон муассисаи илмӣ ва адабӣ ё раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг баррасӣ шаванд ва баъд ба чоп тавсия гарданд. Танҳо дар чунин ҳолат мо метавонем пеши роҳи назарбаландони сиёсатхоҳро гирем ва фазои иттилоотиро қавитар гардонем».
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 28 август дар бораи баргузор шудани ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар дод.
Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шуро чандин масаъала, аз ҷумлаи лоиҳаҳои ворид намудани тағйирот ба қонунҳо «Дар бораи мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи маориф» ва инчунин якчанд созишномаҳои байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, баъд аз шарҳу тавзеҳи раисони кумитаҳои дахлдори палатаи поёнии Парлумони мамлакат барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, пешниҳод гардиданд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 30 август бо нашри матлабе вазъи ногузори боғчаи бачагони деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб интиқод кардааст.
Ба навиштаи муаллиф деҳаи мазкур беш аз 3300 аҳолӣ дорад, ки 600 нафарашон кӯдакони аз 1 то 6 сола ҳастанд. Муаллиф таъкид мекунад, ки айни замон бинои кӯдакистони деҳаи Офтоблиқо валангор гардида, чандин сол боз фаъолият надорад. Сокинони деҳа баъди солҳои зиёди интизорӣ умед доранд, ки раиси кунунии вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба мушкилоти онҳо расидагӣ мекунад деҳаи Офтоблиқо соҳиби боғчаи бачагона мешавад.
Нашрияи “Тоҷикистон” ҳамчунин дар ин шумораи худ пайомади боронҳои шадиди рӯзҳои охир ба манотиқи кишварро баррасӣ карда менависад, ки бар асари офати табиӣ 21 нафар ҳалок шуда, миллионҳо сомонӣ хисороти молӣ ворид шуд.
Нашрияи мазкур инчунин дар як матлаби дигар савол гузоштааст, ки оё Роналду ба Душанбе меояд? Муаллиф менависад, ки дар Куала-Лумпур рӯзи 24 август қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё баргузор шуд.
Тибқи ин қуръакашӣ дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар як гурӯҳ қарор гирифт. Ҳамин тариқ, бо таваҷҷуҳ ба ин ки тибқи қоида “Истиқлол”-и Тоҷикистон ду маротиба бо дастаи “Ал-Наср” бояд бозӣ кунад, ки Криштиану Роналду эҳтимол ба Тоҷикистон хоҳад омад.
Дар ҳамин ҳол бархе коршиносон гуфтаанд, ки эҳтимол дорад Криштиану Роналду ба Тоҷикистон наояд, зеро бозии “Истиқлол” ва “ал-Наср” ин охирин бозӣ аст ва то он замон шояд ал-Наср мавқеашро дар ҷадвал хуб карда, дигар ба ҳузури Роналду дар бозӣ бо “Истиқлол” ниёзе набошад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумоари рӯзи 31 август бо нашри матлаби таҳлилие сатҳи болои талафоти нерӯи барқ дар кишварро ташвишовар хондааст.
Муаллиф дар мақола менависад, ки тибқи иттилои расмӣ ҳаҷми умумии талафоти неруи барқ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикситон аз 2 млрд 415 млн киловатт-соатро ташкил додааст.
Таъкид мешавад, ки тибқи иттилои ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, талафоти аз ҳама зиёд дар вақти тақсимоти барқ мушоҳида мешавад, ки беш аз 2 млрд 067 млн кВт/соат ё худ 22,6%-ро ташкил додааст
Ин дар ҳолест, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Вазорати энергетика дастур дода буд, ки ба василаи таъсиси низмои ягонаи мутамаркази билингӣ ва насби сартосарии ҳисобкунакҳои барқии ҳушманд дар кишвар талафоти неруи барқро то соли 2025 то 9 дарсад коҳиш диҳанд.
“Asia-Plus” дар ин шумораи хеш ҳамчунин аз хуруҷи як бемории номаълум миёни мардум, бахсус кӯдакон дар фасли гармо хабар додааст. Бархе ҳадс заданд, ки шояд ин хуруҷи намуди нави коронавирус аст. Аммо масъулини Вазорати тандурустӣ ин иддаоро рад карданд.
Наврӯз Ҷаъфаров сардори раёсати амнияти беҳдоштӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи Вазорати тандурустии кишвар гуфтааст, ки ба эҳтимоли зиёд ин ба истиллоҳ “парагрипп” аст. Нишонаҳои ин беморӣ бештар кӯдакони сини то 5 соларо сироят мекунад, ки асосан ба роҳҳои нафас, аз ҷумла гулӯ таъсир мерасонад. Паҳншавии ин вирус асосан дар мавсими баҳор ва тирамоҳ мушоҳида мешавад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”