Ҳамасола бо оғоз гардидани соли нави хониш шумораи мусофирон дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба маротиб зиёд мегардад. Аз ин лиҳоз роҳбарони корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахтро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини саривақтии мусофирон бо нақлиёти ҷамъиятӣ дар ин давра тадбирҳои иловагӣ андешида, тибқи талаботи мавҷуда ба хатҳои сайр баромадани воситаҳои нақлиётро таъмин намоянд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шахсони масъули муассиса ва корхонаву ҷамъияти нақлиётиро зарур аст, ки дар соатҳои шиддати корӣ фаъолияти ронандагонро дар хатҳои сайр зери назорати доимӣ қарор дода, инчунин ба ҳолати техникӣ, санитарӣ, ҷадвали ҳаракат, намои зоҳирии воситаҳои нақлиёт ва сару либоси ронандагон диққати авалиндараҷа диҳанд.
Раҳмон Мансуров, мудири шуъбаи равобит бо аҳолӣ ва ахбори оммаи Муассисаи давлатии комуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” зимни суҳбат ба мо гуфт, ки бо фаро расидани хониш шумораи автобусу троллейбусҳо зиёд карда мешавад. Ба таъкиди номбурда агар то имрӯз дар хатсайрҳои пойтхат 350 – 360 адад автобусу троллейбусҳо равуо дошта бошанд, аз ин пас шумори онҳо ба 450 – 460 адад расонида мешавад. Ҳамчунин Раҳмон Мансуров мудири шуъбаи равобит бо аҳолӣ ва ахбори оммаи Муассисаи давлатии комуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” илова намуд, ки шурӯъ аз имрӯз дар пойтахт 450 адад автобусу троллейбус, 1008 адад микроавтобус ва 2706 адад таксӣ ба мусофирон хизматрасонӣ менамоянд.
Маврид ба зикр аст, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пардохти ғайринақдӣ” – и ҳама гуна шакли хизматрасониҳо, мусофирони воситаҳои нақлиёт ҳам бояд аз кортҳои пластикӣ истифода баранд. Ба гуфтаи Раҳмон Мансуров, мудири шуъбаи равобит бо аҳолӣ ва ахбори оммаи Муассисаи давлатии комуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” имрӯзҳо кортҳои нақлиёт бо тарофаҳои гуногун ба монанди хонанда, донишҷӯ, хуш омадед, корти тахфифӣ, ройгон ва ғайра бо имтиёзҳои гуногун мавҷуд аст ва истифодаи он барои мусофирон қулай ва арзон меафтад. Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки шахсони синну солашон аз 75 сола боло ба истиснои таксӣ аз ҳама гуна воситаҳои нақлиёт ба таври ройгон метавонанд истифода намоянд.
Бояд қайд намуд, ки норасоӣ ва аз ҳад зиёд гирифтани мусофирон яке аз мушкилоти асосӣ дар кишвари пойтахт ба ҳисоб рафта, сол аз сол Ҳукумати кишвар ва масъулини муассиса ва корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон“