Имрӯз дар МД “Китобхонаи Миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи китоб, чорабинии тантанавӣ баргузор гардид

Тибқи қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рўзҳои ид ҳамасола  дар дар кишвари маҳбубамон 4 – сентябр ҳамчун Рӯзи китоб ҷашн гирифта  мешавад. Имрўз бо иштироки дўстдорони китоб ва меҳмонон аз мақомотҳои дахлдор дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз бо намоиши китобҳои гуногун бо шукуҳу шаҳомати фарҳангӣ баргузор шуд. Роҳбаладон аъзои китобхона  меҳмононро бо осорхонаи китобҳои нодир, осорхонаи даврони истиқлол, мусаввараи таърихии «Аз давра ба давра, аз дида ба дида», толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ва шароити фароҳамоварда дар ин толорҳо шинос намуданд. Ҳадафи Рӯзи дарҳои боз ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб, китобхонӣ ва китобхона аст. Баргузории ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллӣ ба ҳукми анъана даромада, дар ҳама ҷашнҳои миллӣ меҳмонону  сокинони мамлакат имкон пайдо мекунанд, ки бо толорҳои хониши китобхона аз наздик шинос шаванд.

Дар идомаи чорабинӣ масъулин меҳмононро ба толорҳои хониш роҳнамоӣ карда, ба онҳо тарзи ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости  китобро нишон доданд. Ҳамзамон муштариёнро бо намудҳои хизматрасонии  ройгону шартномавии  китобхона шинос намуданд. Дар фарљом як ќатор кормандони Китобхонаи миллӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

Г. Ниёзова

радиои «Тоҷикистон»