Тоҷикистон бо қавитарин рақиби худ дар марҳилаи гурӯҳии «Ҷоми миллатҳои CAFA-2025» — дастаи мунтахаби Эрон вохӯрӣ анҷом медиҳад.
Ин бозӣ дар доираи дидорҳои даври 3-юми гурӯҳи»В», шоми имрӯз соати 20:30 дақиқа (бо вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат мегирад. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар ду рақобатии қабли худ, як бурд ва як бохт дошт. Миллипӯшони тоҷик дар бозӣ муқобили Ҳиндустон бо ҳисоби 1 бар 2 ба шикаст мувоҷҷеҳ шуда, Афғонистонро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб карда буданд. Тими футболи Эрон бошад дар ҳарду рақобати қаблии худ муқобили Афғонистон ва Ҳиндустон ғалабаи комил ба даст овард. Ҳоло дар гурӯҳи «В»-и «Ҷоми миллатҳои CAFA-2025» Эрон бо 6 имтиёз пешсаф буда, Ҳиндустону Тоҷикистон бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар мавқеъҳои 2-юму 3-юм ҷой гирифтанд. Афғонистон бе имтиёз дар мавқеи охири гурӯҳ аст.
Рустам Зоиров
радиои «Тоҷикистон»