1 сентябри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиёнро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дурнамои рушди равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон табодули назар намуданд.
Вазир сафири тозатаъйинро бо оғози фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон таҳният гуфта, изҳори итминон намуд, ки ӯ ба тавсеаи муносибатҳои дуҷониба мусоидати фаъол хоҳад кард.