СУХАНОНИ ҲИКМАТОМЕЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ КИТОБ

Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад.

Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрўза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.

Китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад.

Китоб ва сухан аз нерӯи бузурге бархўрдоранд. Сухан аз ҷумлаи неъматҳои олии маънавӣ буда, ақлу хирад ва даҳои инсониятро таҷассум менамояд. То ҷаҳон ҳаст ва инсоният боқист, умри сухан безавол аст.