“Рӯзи китоб” ва ҷамъбасти “Рӯзҳои дарҳои боз”:  Боздиди дӯстдорони китоб чӣ гуна буд?  

 Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои  арҷ гузоштан  ба адабиёти классик ва рӯ овардани насли ҷавон ба китобхонӣ  4 сентябр соли 2007  хишти нахустини бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистонро гузошта, 4 сентябрро “Рӯзи китоб” эълон намуданд. Имрӯз ин даргоҳи илму маърифат дар Осиёи  Марказӣ  бузургтарин  даргоҳи маърифат дар Тоҷикистон ва минтақа маҳсуб меёбад. Ҷалолиддин Нурзода, муовини директории Китобхонаи миллии Тоҷикистон зимни   суҳбат бо радиои “Тоҷикистон” иброз дошт, ки ҳадаф аз гузаронидани “Рӯзҳои дарҳои боз” ин  ҷалби хонандагон ва донишчӯёни муассисаҳои таълимӣ ва олӣ  ба мутолеъаи китоб, аз наздик шинос кардани онҳо бо имкониятҳои Китобхонаи миллӣ мебошад.  Дар се рӯз бештар аз 1870 нафар хонандагони мактабҳои миёна ва донишҷӯёни макотиби олӣ, ҳамчунин меҳмонони пойтахти кишвар ба китобхона омаданд.

Гулшодабегим Ёқубова, иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» мегӯяд, ки  ҳар рӯз барои мутолиаи китоб ба Китобхонаии миллии Тоҷикистон меояд. Дар ин муддат ӯ зиёда аз 150 адад  асарҳои бадеиро мутолиа намудааст. Мавсуф иброз дошт, ки  дар Озмун аз рӯи  номинатсияи “Адабиёти муосир” иштирок мекунад ва барои ин тайёрии ҷиддӣ дида истодааст . Ҳамчунин мегӯяд, ки агар мо ба таърих нигарем, ин гуна китобхона танҳо дар давраи Сомониён буд, ки дар ҳамон давра ягон нафар ба дохили ин китобхона даромада наметавонист. Агар аз рӯи асари Абуали ибни Сино назар андозем вақте, ки ӯ Насри Сомониро даво бахшид, ҳама бар он назар буданд, ки ба ӯ ҷоизаи бузург  медиҳанд. Вале  Абуали ибни Сино мехост ба  кони маърифати- китобхонаи Сомониён дохил шавад.  Ин аст, ки бузургиву шаҳомати китобҳоро дар пеши мо баланд менамояд.

“Мо талош дорем, ки воситаҳои ҷадиди хониш, ба монанди китобҳои электрониро бештар тавсеа бахшем, зеро мо дар замони таҳаввулоти азими технологӣ зиндагӣ мекунем. Тарғиб ва ташвиқи  китоб ва он маводҳои  ба нашррасида тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ниҳояд зиёд гардида истодааст мегӯяд” – Исмоил Саидзода  мутахассиси пешбари маркази такмили ихтисоси китобхонаи миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

Тибқи таҳлилҳои адабиётшиносон бо эълон гардидани озмуни  «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» таваҷҷӯҳи  насли ҷавон ба китобхони зиёд шудааст. Гуфтан ба маврид аст, ки мақсади озмуни мазкур баланд бардоштани завқи  китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба  арзишҳои миллию  фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими худшиносӣ ва ҷаҳони маънавии ҳар сокини мамлакат мебошад.

Ширин Тоҳирӣ

радиои “Тоҷикистон”

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *