«Афкор»: Баҳси “Инқилоби Бухоро”

bukhara_eye

Аз ҳодисаи ворид гардидани артиши сурх ба Аморати Бухоро, ки қаламравҳои пешинаи ҳоло Тоҷикистону Узбекистону Қирғизистон дар тобеияти он қарор дошт ва билохира боис ба сарнагунии Амир Олимхон аз тахти амирӣ гардид, сад сол сипарӣ мегардад. Дар миёни таърихнигорон то ҳанўз баҳс атрофи фоҷеа ё инқилоб будани ҳодисаи мазкур идома дорад. Ҳоло баҳс атрофи ин мавзўъ ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук низ кўчид ва корбарони огоҳ ҳам назару андешаҳои худро дар робита ба ин мавзуъ баён доштанд.

Ибтидо Ҳусейн Наҷмуддинов аз он ёдовар шудааст, ки: «Дар охирҳои асри XlX ва аввалҳои асри XX ду давлати муқтадири он замон – Русия ва Англия ҳадафҳои худ дар масъалаи ғасби сарзаминҳои бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро амалӣ менамуданд. Дар ин марҳила Русия Аморати Бухороро ишғол намуд ва бо Англия минтақаи Осиёро тақсим кард»

Аммо ба қавли Бахтиёр Насруллоев, яке аз мубоҳисон: «Ин Инқилоби бузург буд, зеро ҳаёти куҳнаро шикаст ва ба миллати мо давлату ҳаёти нав дод»

Назари Бузургмеҳр Қаландаровро, ки дар қисмати шарҳ овардааст, мехонем: «Дар масъалаи он ки сад сол муқаддам русҳову англисҳо ба ишғолгарӣ машғул буданд, ҳаминро метавон гуфт, ки мардумони дигар кишварҳо дар мубориза иродаи заиф нишон медоданд…» «…Ҷанг ҷанг аст, вақте, ки ба бохт рў ба рў шудӣ, ҳатман мутеъ мешавӣ. Лекин Инқилоб ба мо ягон зарар наовард, махсусан барои Бухорои шарқӣ» – илова намудааст ин муаллиф.

Ҳамзамон дар ин бора Усмоналӣ Холиқов, як истифодабаранда ақидаи Устод Садриддин Айниро иқтибос овардааст, ки ҳодисаи сад сол муқаддами ворид гардидани лашкари Русия ба қаламрави Аморати Бухороро «инқилоби илмӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва умумӣ» унвон карда буд. Дар қисме аз ин иқтибос оварда шудааст, ки «… Инқилоб бо иштироки тамоми миллатҳои сокинони Бухоро, бо иштироки зан ва духтарони онҳо ба вуҷуд омадааст. Пойдории бомуваффақияти чунин инқилобе маъмул ва ҳатмист.”

Хитоб ба таъкиди як иштирокдор, ки навиштааст: «Тоҷик баъди шикасти Сомониён дигар давлате надошт ва таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ манзалаташро аз даст дод», Ҳусейн Наҷмуддинов ин воқеиятро иброз доштааст: «Муошират дар Аморати Бухоро бо забони тоҷикӣ сурат мепазируфт ва миллатҳои ғайритоҷики Аморат фарҳанги илмӣ бо забони худашонро надоштанд»

Дар идомаи баҳс, Абумуслим Қаландаров нуқтаи назари худро чунин иброз кардааст: «Вақте ки воситаҳои истеҳсолот ба дасти халқ гузашт, инқилоби халқӣ мешавад. Ин Инқилоб Осиёи Миёнаро ба форматсияи дигар гузаронд. Фоидааш аз зарараш зиёд шуд»

Дар посух ба суоли Акрам Сайидматов, ки: «Фоида гуфта чиро дар назар доред?», ин муаллиф арз доштаааст: «99 дарсади роҳу пул, биноҳои шаҳр, фурудгоҳу роҳи оҳан ва садҳо мактабу донишгоҳу идораҳои давлатӣ, инчунин каналу заҳбурҳое, ки дар он давра бо белу каланд меканданд, ҳама пойбарҷоянд»

Равӣ Назиров ин ҳодисаи таърихиро ба он хотир «инқилоб» унвон кардааст, ки: «амир одилона фармонравоӣ накард ва сабаби норозигии мардум гардид, тарафдоронаш кам шудан гирифтанд ва халқ ба рух додани инқилоб сабаб гардид»

Хилофи ин матлаб, Давлат Сайидов нигоштааст: «Ҳодисаи мазкур на ин ки инқилоб, балки як истило буд, вале ин истило  ба мо замин (Ватан) дод. Баъдтарҳо истилои Осиёи Миёна аз тарафи Русияи болшевикӣ барои халқҳои он манфиатовар буд. Ба ин таърих гувоҳ аст!»

Дар интиҳои баҳс бобати ҳодисаи сад сол қабли ворид гардидани лашкари Русияи болшевикӣ ба Аморати Бухоро, ки боис ба сарнагунии Амир Олимхон аз тахти амирӣ гардид, як истифодабаранда хулосаашро чунин қайд кардааст: «Аморати Бухоро як давлати ниммустақил дар султаи Русияи таззорӣ буд. Болшевикон онро аз байн бурданд ва хуб ҳам карданд. Халқи тоҷик аз сулолаи манғитиён ранҷҳои зиёде дида буд. Замони Шўравӣ, сарфи назар аз камбудиҳои мавҷуда ба халқи тоҷик имконият фароҳам овард, ки бо номи худ ташаккули давлатие дошта бошанд. Заминаи давлати соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон маҳз аз ҳамон давраҳо оғоз меёбад. Дар ҳайъати аморати манғития ин халқ наметавонист мустақил ва соҳибдавлат бошад. Аз байн рафтани Аморат барои халқи тоҷик имконият дод, ки қомати худро чун миллати мустақил рост намояд. Аморат як давлати пўсидаи асримиёнагӣ маҳсуб меёфт ва заволи он ногузир буд»

Дилшоди Муҳаммад

радиои “Тоҷикистон”

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *