Имрӯз Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин нахустин тасдиқномаи бақайдгирии субъекти Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”-ро ба соҳибкори ватанӣ роҳбари ҶДММ “Тоҷик Алмос” Бобоев Хайриддин Рустамович тақдим намуд.
Дар ин бора Вазорат рушди иқтисод ва савдо хабар дода, менависад, ки ҳамзамон Созишномаи ҳамкорӣ оид ба пешбурди фаъолият дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” байни роҳбарони Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Абдуллозода Мустафо Рустам ва ҶДММ “Тоҷик Алмос” Бобоев Хайриддин Рустамович ба имзо расид.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди корхонаи истеҳсоли қисмҳои автомобил дар ҳудуди МОИ “Кӯлоб” дар майдони 1 гектар ба нақша гирифташуда, дар марҳилаи аввал истеҳсоли ҳавотозакунакҳои (филтерҳои) намудҳои гуногун (ҳавоӣ ва равғанӣ) барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба роҳ монда мешавад.
Корхонаи мазкур пурра бо технологияи нави ҳозиразамон бо шароити замонавӣ бунёд гардида, арзиши умумии он зиёда аз 1,5 млн. сомониро ташкил дода, дар муддати 1 – 1,5 сол мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар он зиёда аз 20 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ ва музди меҳнати доимӣ таъмин карда мешаванд.
Тавре Вазорати мазкур иттилоъ медиҳад, МОИ “Кӯлоб” дар майдони 309 гектар замин соли 2019 таъсис дода шуда, соли 2020 ба фаъолият оғоз намуд. Ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди минтақаи иқтисодии мазкур ва ба ин васила бо шуғл фаро гирифтани бештари аҳолии маҳаллӣ минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дода мешавад.