Акс аз манбаъҳои боз
Таҳлили оморӣ нишон дод, ки бо вуҷуди дастгириву имтиёзҳо даромад аз ҳисоби сайёҳон ба ҳадди 10 соли пеш нарасидааст.
Бо вуҷуди эълони соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба соҳа, даромад аз ҳисоби сайёҳон ба ҳадди 10 соли пеш баробар нашудааст. Дар ҳоле, ки 10 сол пеш дастгириву имтиёзҳо набуд ва шумораи сайёҳон ҳам ба беш аз 1 млн. нарасида буд.
Соли 2019 вуруди сайёҳон ба кишвар ба ҳадди рекордӣ расид, вале даромад аз ҳисоби онҳо ба сатҳи соли 2012, ки беш аз 286 млн. долларро ташкил медод, баробар нашуд. Дар ҳоле, ки дар соли 2012-ум танҳо 244 ҳазор сайёҳ ба Тоҷикистон омада буд.
Мақомоти Тоҷикистон сабаби инро шарҳ надоданд, вале гуфтанд, кӯшиш доранд, бо афзоиши шумораи сайёҳон даромад аз ҳисоби онҳоро ба ҳадди соли 2012 расонанд.
“Сайёҳоне ҳастанд, ки аз кишварҳои ҳамсоя ворид мешаванд ва онқадар маблағи зиёд харҷ намекунанд. Вале сайёҳоне, ки аз Аврупо ва Амрико ворид мегарданд, харҷи маблағи онҳо бештар аст. Мо кушиш мекунем, ки даромад аз ҳисоби онҳо зиёд шавад”,-гуфт Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар посух ба саволи мазкур.
Ҳисоби фарқкунанда ва методологияи номуайяни Кумитаи рушди сайёҳӣ
Вале коршиносон сабаби фарқияти зиёдро ба методологияи ҳисоби даромад аз сайёҳон рабт медиҳанд, зеро Кумитаи рушди сайёҳӣ ва созмонҳои байналмилалие, ки дар ин самт кор мекунанд, даромад аз сайёҳиро бо тарзи гуногун ҳисоб мекунанд.
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон гуфт, ки ба ҳисоби миёна Тоҷикистон аз ҳар як сайёҳ 200-250 доллар фоида мебинад. Ин рақам тахминӣ аст ва маълум нест, ки аз рӯи кадом нишондиҳанда муайян шудааст.
Маълум нест, ки солҳои пешин Тоҷикистон аз як сайёҳ чӣ қадар маблағ фоида медид. Чунин омори расмии давлатӣ ва умуман омори даромади умумӣ аз сайёҳон дар солҳои пешин дастрас нест.
Вале Бонки ҷаҳонӣ шурӯъ аз соли 1996 вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон ва аз соли 2002 даромад аз ҳисоби онҳоро дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон ҳисоб мекунад.
Ин омор бо такя ба “Тавсияҳои байналмилалии ҳисоби омори сайёҳон”, ки соли 2008 аз ҷониби СММ таҳия шудааст, омода мегардад.
Тибқи ин дастур ба маблағи ҳароҷоти сайёҳон пули сарфшуда барои харидани маҳсулоти истеъмолӣ ва хизматрасонӣ, инчунин дигар молҳои қиматбаҳо, ки барои истифодаи худ ва ё дигарон мехарад, дохил мешавад.
“Дар баробари ин ба хароҷоти соҳаи сайёҳӣ маблағи масрафшуда аз ҷониби сайёҳ ва ё ҷониби даъваткунанда низ ҳисоб карда мешавад”, – гуфта мешавда дар ҳуҷҷат.
Замоне Тоҷикистон аз сайёҳ беш аз $1000 фоида медид
Тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ 15 сол пеш Тоҷикистон ба ҳисоби миёна аз як сайёҳи хориҷӣ ҳудуди 73 доллар даромад ба даст меовард. Ин рақам дар солҳои 2009-2010 аз 21 доллар якбора то ба 800 доллар афзоиш ёфт. Яъне соли 2010 аз ҳисоби 160 ҳазор сайёҳ Тоҷикистон 141,5 млн доллар даромад кард.
Сабаби афзоиши якбораи даромад аз ҳисоби сайёҳон иваз шудани принсип ё худ методологияи ҳисоби даромад аз сӯи СММ аст.
Яъне соли 2010 ба “Тавсияҳои байналмилалии омори сайёҳӣ соли 2008” дастури нави “Кумакрасон барои ҳисоби сайёҳӣ” омода карда шуд, ки тибқи он сайёҳон ба гурӯҳҳои муайян ҷудо карда шуда, аз рӯи мақсади сафари онҳо хароҷоташон дар кишвари мизбон ҳисоб карда мешавад.
Дар асоси ин санад ҳадафи сафари сайёҳон ба ду гурӯҳ тақсим шудааст: шахсӣ ва тиҷоратӣ (касбӣ), ки даромади онҳо вобаста ба гурӯҳҳо фарқ мекунад.
Аз эҳтимол дур нест, ки шуруъ аз соли 2010 омори даромад аз ҳисоби сайёҳон дар Тоҷикистонро Бонки ҷаҳонӣ ба асоси шохисҳои пешниҳодшудаи СММ ҳисоб кардаст, ки даромади онҳо якбора афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, соли 2011 даромади миёнаи як сайёҳ дар Тоҷикистон ба беш аз 1000 доллар баробар шуд. Яъне Тоҷикистон аз 183 ҳазор сайёҳ 184,1 млн доллар даромад ба даст овард.
Соли 2012 Тоҷикистон аз 244 ҳазор сайёҳ 286,6 млн доллар даромад ба даст овард, ки ба ҳисоби миёна 1174 доллар ба сари ҳар як сайёҳ рост меояд. Ин даромади миёнаи рекордӣ аз ҳисоби як сайёҳ дар Тоҷикистон дар 15 соли охир аст.
Оморҳои Бонки ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки як сайёҳ дар солҳои 2012 – 2014 бештар аз 1000 доллар ба Тоҷикистон даромад овардааст.
Ҳамин тариқ, солҳои баъдӣ даромади миёнаи як сайёҳ ба ҳисоби миёна поин рафт ва дар соли 2019, ки мақомот омори рекордии вуруди сайёҳонро эълон карданд, даромад ба ҳисоби миёна аз як сайёҳ ба 149 доллар баробар шуд, ки пасттарин нишондод дар 10 соли охир аст.
Ҳарчанд дигар кишварҳо бар асоси методологияи пешниҳоднамудаи СММ кор мегиранд, вале то ҳол Кумитаи рушди сайёҳӣ ягон усули байналмилалии ҳисоби хароҷоти сайёҳонро истифода накардааст. Ин ниҳод хароҷоти як сайёҳи амроикоӣ ва ӯзбекистониро ба ҳисоби миёна 200-250 доллар ҳисоб мекунад. Ҳарчанд маълум аст, ки онҳо барои сайёҳат маблағи гуногун сарф мекунанд.
Масалан, дар Ӯзбекистон хароҷоти як сайёҳ аз кишварҳои дур 710 доллар ва аз кишварҳои ҳамсоя аз 60 то 160 доллар ҳисоб карда мешавад.
Шумораи сайёҳон меафзояд, вале даромадашон не…
Аз соли 2013 то 2015 ҳарчанд шумораи сайёҳон каме афзуд, вале даромади умумӣ аз ҳисоби онҳо камтар гардид. Масалан, агар Тоҷикистон дар соли 2013 аз 208 ҳазор сайёҳ 233,3 млн доллар даромад ба даст оварда бошад, пас соли 2015 аз 414 ҳазор сайёҳ 146 млн доллар фоида дид.
Соли 2016 ҳарчанд шумораи сайёҳон кам шуд, вале даромад аз ҳисоби онҳо назар ба як соли пеш каме зиёд гардид: аз 344 ҳазор сайёҳ қариб 150 млн доллар даромад ба даст омад.
Ҳамин тариқ, аз соли 2017 то соли 2020 ҳам шумораи сайёҳон ва ҳам даромад аз ҳисоби онҳо якбора афзоиш ёфт, вале ба сатҳи солҳои 2012 ва 2014 нарасид.
Яъне агар соли 2017 аз 431 сайёҳ Тоҷикистон 171,6 млн доллар даромад ба даст оварда бошад, пас соли 2019 шумораи сайёҳон ба ҳадди рекордӣ – 1,2 млн расид ва даромади онҳо 179,1 млн долларро ташкил дод. Назар ба соли 2017 шумораи сайёҳон 769 ҳазор нафар афзуда, вале даромад аз ҳисоби онҳо 7,5 млн доллар зиёд шудаасту халос.
Сабаби ин ҳам иваз шудани методологияи тарзи ҳисоби даромад аз ҳисоби сайёҳон аз сӯи СММ аст. Соли 2016 низ ба Тавсияҳои байналмилалӣ аз рӯи омори сайёҳӣ, ки соли 2008 тасдиқ шуда буд, “Дастури тартибдиҳии омор” омода гардид ва минбаъд дар асоси он даромад аз ҳисоби сайёҳон ҳисоб карда шуд.
Боз шудани марз бо Ӯзбекистон ва таъсири COVID-19
Ҳамин тариқ, афзоиши воридшавии сайёҳон ба Тоҷикистон аз соли 2018 оғоз шуд ва мақомот онро ҳадди рекордӣ дар давоми солҳои истиқлоли кишвар унвон карданд: 1 млн. нафар. Аз ин ҳисоб Тоҷикистон қариб 171 млн. доллар даромад ба даст овард, ки нисбат ба 10 соли пеш 50 дарсад камтар аст.
Ҳарчанд омори омадани сайёҳон ба Тоҷикистон дар соли 2019-ум 200 ҳазор нафар афзоиш ёфт ва ба 1,2 млн. нафар расид, вале даромад аз ҳисоби онҳо назар ба соли 2018 тақрибан 21 млн доллар камтар шуд: 149,3 млн. доллар.
Сабаби афзоиши шумораи сайёҳон ба Тоҷикистон боз шудан ва зиёд шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аст. То ин дам марзи ду кишвар баста ва шумораи гузаргоҳҳо камтар буд.
Ҳамин тариқ, дар давраи коронавирус, ки авҷи он дар Тоҷикистон аз солҳои 2020 ва 2021 рост омада буд, шумораи сайёҳон якбора поин шуд ва тадриҷан даромад аз ҳисоби онҳо низ кам гардид: соли 2020 306 ҳазор сайёҳ ба Тоҷикистон 102,4 млн. доллар фоида овардаанд ва соли 2021 296 ҳазор сайёҳ 74 млн. доллар ба Тоҷикистон даромад овардаанд.
Сабаби ин таъсири пандемия ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои рафту омад дар тамоми кишварҳо аст.
Бо анҷоми пандемияи коронавирус, шумораи сайёҳон ба кишвар ба 1 млн. нафар расид ва даромад аз ҳисоби онҳо 250 млн долларро ташкил дод. Яъне тибқи омори миллӣ, тахмин меравад, ки ба ҳисоби миёна як сайёҳ дар Тоҷикистон 250 доллар маблағ масраф мекунад ва бо такя ба ин тахмин даромади умумӣ ҳисоб карда шудааст.
Вале маълум нест, ки ин нишондиҳанда дар асоси кадом методология ва ё принсип муқаррар шудааст. Ҳарчанд маълум аст, ки ҳар як сайёҳ вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии кишвараш ва имконияти молиявиаш дар Тоҷикистон маблағи гуногун сарф мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалӣ аз рӯи критерия ё усулҳои гуногун даромад аз ҳисоби сайёҳонро барои кишварҳои алоҳида ҳисоб мекунанд ва тахминӣ муайян кардани даромади як сайёҳ аз сӯи мақомот то ҷое нофаҳмо ва беасос аст.
Имтиёзҳои андозӣ ба рушди соҳа таъсир гузошт?
Ин дар ҳолест, ки маблағи андозе, ки аз ҳисоби сайёҳон кишвар ба даст меоварад аллакай маълум аст ва ҳатто манбаъ ва маблағи озодшудаи онҳо аз андоз ҳисоб мешавад.
Соли 2017 ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис дод ва дар баробари ин барои соҳибкорон ва нафароне, ки дар ин самт кору фаъолият мекунанд, имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ кард.
Камолиддин Муминзод раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон гуфт, тамоми имтиёзҳое, ки ба соҳаи сайёҳӣ дода шудааст зина ба зина таъсири мусбӣ расонидааст.
“Дар натиҷаи ҳамин имтиёзҳои ҷоришуда имрӯзҳо шумораи ширкатҳои сайёҳӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ рӯ ба афзоиш дорад ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба кишвар 124 ҳазор нафар сайёҳ (34%) зиёдтар ворид гардидааст”, – гуфт ӯ.
Тибқи омори расмӣ, манбаи андоз аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ сол ба сол камтар гардид. Масалан дар соли 2018 манбаи андози барои соҳаи сайёҳӣ зиёда 10 млн. сомониро ташкил медод, вале дар соли 2022 ин маблағ ба 800 ҳазор сомонӣ расид. Имтиёзҳои андозӣ аз 600 ҳазор сомонии соли 2018 ба 78 ҳазор сомонӣ дар соли 2022 поён фаромад.
Соли 2022 74 ширкати сайёҳии кишвар 22,8 млн сомонӣ даромад дидаанд, ки ба ҳисоби миёна як ширкати сайёҳӣ наздик ба 310 ҳазор сомонӣ (бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда) фоида дидааст.
Чӣ бояд кард?
Аз рӯи ҳисоби даромади ширкатҳо ва имтиёзҳои мавҷуда ширкати сайёҳие, ки дар Тоҷикистон таъсис мешавад, дар муддати 5 сол то 90 ҳазор сомонӣ имтиёзи андозиро соҳиб мешавад.
Дар чанд соли оянда Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ омодааст, ки 100 млн долларро сарф намояд. Вале аз рӯи оморҳои мавҷуда ва таҳлили онҳо дида мешавад, ки эълони солҳои сайёҳӣ ва пешниҳоди имтиёзҳо, аз ҷумла имтиёзҳои андозӣ натавонистанд, ки соҳаро рушд диҳанд ва даромади сайёҳон ба ҳадди 10 соли пеш, ки қариб 300 млн долларро ташкил медод, баробар шавад.
Аз ин рӯ, бо назардошти таҷрибаи кишварҳои муваффақ дар соҳаи туризм барои рушди соҳаи сайёҳӣ, ба ғайр аз имтиёзҳои андозӣ метавон аз чанд ҷанба кор гирифт.
Ин роҳҳо пеш аз ҳама бекор кардани визаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, хусусан кишварҳои ғарбӣ, ки сайёҳонашон даромади хуб оварда метавонанд, тамдид кардани муҳлати будубоши бидуни сабти ном (регистрация) барои сайёҳон, бекор кардани иҷозатномаҳои махсус барои сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ғайра аст.
Ҳамчунин дар ин самт, арзон кардани чиптаҳои ҳавопаймоӣ назар ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ташкил намудани хатсайрҳои куҳнавардӣ – экологӣ ва таблиғи онҳо дар расонаҳои ҷаҳонӣ аз роҳҳои дигари рушди соҳа мебошад.
Бо назардошти он, ки сайёҳони хориҷӣ на танҳо ба Тоҷикистон сафар мекунанд, балки дар рафти сафари худ ба якчанд кишварҳои Осиёи Марказӣ ташриф меоранд, яке аз вазифаҳое, ки иҷрои он ба рушди сайёҳӣ мусоидат мекунад, ин табдил додани Тоҷикистон ба кишвари аввалини воридшавӣ ба Осиёи Марказӣ барои сайёҳони хориҷӣ дур мебошад. Барои ин мақомоти дахлдор бояд дарк намоянд, ки Тоҷикистон на бо нишондиҳандаҳои соҳаи сайёҳии худ барои солҳои қаблӣ, балки ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рақобат аст ва бояд ин ҷода рақобатпазир бошаду ба сайёҳон назар ба кишварҳои ҳамсоя шарту шароити беҳтари омадан ва буду бош дар кишварро пешкаш карда тавонад.
Одина Маҳмад
радиои “Тоҷикистон”