Чаро дар Хатлон муҳоҷирони экологӣ пурра кӯчонида нашудаанд?

Хадамоти муҳоҷират хабар медиҳад, ки дар раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон 2 сентябри соли равон ҷаласаи корӣ дар назди муовини раиси вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он масъалаи муҳоҷирати экологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки мувофиқи нақша соли 2020 бояд 133 хоҷагӣ муҳоҷирони экологӣ дар 14 шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷойҳои  хавфнок ба ҷойҳои бехавф бояд кӯчонида мешуданд. То 1 сентябри соли 2020 барои 93 хоҷагӣ заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ дар кори ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират Маҳмудҷон Хоркашев ва роҳбарони бахшу шуъбаҳои раёсат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат карданд. Раҷабалӣ Раҷабов иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 506 аз 25 ноябри соли 2016 “Дар бораи нақшаи муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020”-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Муовини раиси вилоят вобаста ба иҷроиши ин қарор роҳбарони шуъбаю бахшҳои ноҳияҳои дахлдорро пурсиш гузаронида, аз иҷрои бо сифати нақша дар баъзе шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ кард.

“Дар қисме аз ноҳияҳои вилоят дар иҷрои нақшаи мазкур ба камбудиҳо роҳ медиҳанд ва бо сабабҳои гуногун нақшаро дар муҳлатҳои муайяншуда иҷро намекунанд. Яке аз мушкилии пешомада ин сари вақт ҷудо нашудани қитъаҳои замин мебошад. Ҳамчунин қитъаи замин ҷудо карда мешавад, вале масъалаи инфрасохтори маҳаллӣ, аз ҷумлаи мактаб, роҳ, об ва барқ ба назар гирифта намешавад, ки ин боиси норзигӣ ва сари вақт накӯчидани мардум мегардад” – гуфтааст муовини раиси вилоят.

Дар кори ҷаласа гуфта шуд, ки масъалаи сари вақт ҷудо нашудани қитъаҳои замин дар ноҳияҳои Хуросон, Данғара, Восеъ ва шаҳри Норак ба чашм мерасад, ки ин боиси тул кашидани иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Раҷабалӣ Раҷабов ба роҳбарияти раёсат ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш додааст, ки то ба анҷом расидани муҳлати қарори болозикр тамоми чораҳоро барои кӯчонидани пурраи хоҷагиҳои банақшагирифта биандешанд. “Муҳлати иҷрои қарори Ҳукумат наздик омадааст ва шумо бояд бо раисон, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо нақшачорабиниҳо тартиб дода, тамоми кушишатонро ба харҷ диҳед, ки ҳамаи он хоҷагиҳое, ки ба нақша гирифтаед, сари вақт ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шаванд. Мо низ дар ин масъала бо раисони шаҳру ноҳияҳо супоришҳои қатъи хоҳем дод” – гуфтааст Р. Раҷабов дар ҷаласа.

                                                            

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *