Истиқлоли давлатӣ – неъмати бузурги миллати тоҷик

«Рӯзи соҳибистиқлолии мамлакат, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад», – ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар чорабинии бошукӯҳ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии мамлакат изҳор доштанд. Воқеан ҳам, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неъмати беназири халқи тоҷик маҳсуб ёфта, барои ноил шудан ба он миллати тоҷик марҳилаҳои зиёди таърихиро паси сар намудааст.

Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ба арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ворид шуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини сатҳи байналмилалӣ саҳми худро гузорад. Ҳамин аст, ки имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, дар чорабиниҳои зиёди миллии халқи тоҷик намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳонӣ иштироки фаъолона доранд.

Таърих гувоҳ аст, ки кишварҳои зиёди олам барои ташкили як давлати мустақил ва пойдор ҷоннисориҳои зиёде намуда, дар муддати чандин солҳо соҳиби давлат гардиданд. Аммо бо вуҷуди таъсиси як давлат, ба бештари кишварҳо ҳанӯз ҳам муяссар нашудааст, ки субботу осоиштагиро дар мамлакати худ нигоҳ доранд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо идома ёфтани ҷанги беш аз 40 сола дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад. Ҳарчанд ҷомеаи ҷаҳон баҳри таҳкими субботу оромӣ дар Афғонистон талош варзида истодааст, аммо бо вуҷуди ин, чунин талошҳо натиҷаи мусбат надода истодаанд.

Аз гуфтаҳои дар боло зикршуда бармеояд, ки таъсис додани як давлат ва таъмини истиқлоли комил дар он агар кӯшиш ва машаққатҳои зиёдеро тақозо кунад, пас сарнагун кардани сохти он  ва халалдор кардани оромӣ дар он кори душвор нест. Аз ҷониби дигар, ташкил кардани давлат танҳо ба таъсис додани сохтори маъмурӣ вобаста набуда, меҳвари асосии пойдорӣ ва ҳифзкунандаи он ин иттиҳоди шаҳрвандони он, ки дар маҷмӯъ миллати онро ташкил медиҳанд, ба ҳисоб меравад. Муттаҳидии як миллат дар навбати худ баланд будани ҳисси ватандустиву худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсиро дар ниҳоди ҳар як фарди соҳибватан тақозо мекунад.

Асри ХХI  ҳамчун асри иттилоот ва рушди технологияи муосир аз ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш аз ҳама худшиносу худогоҳ буданро тақозо менамояд. Маҳз ба василаи худшиносӣ инсоният дар ҳама гунна шароит гузаштагони худро пос дошта, имрӯзу ояндаи миллату давлаташро  аз ҳама гуна хатарҳо ҳифз мекунад. Баъд аз ноил шудан ба Истиқлоли комили давлатӣ 9 сентябри соли 1991, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил зарурати муаррифии самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии он ба ҷомеаи ҷаҳон ба миён омад. Бо ин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон сиёсати санҷидаву дурбинонаеро бо номи “сиёсати дарҳои боз” тарҳрезӣ намуд, ки он барои узви бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани робитаҳои сиёсии ин кишвар бо аксари давлатҳои ҷаҳон мусоидат намуд.

Маҳз ба воситаи тарҳрезӣ гардидани сиёсати “дарҳои боз”, ки ба таъкиди Президенти кишвар мазмуни аслии он «ҳамкории судманд ва беғаразона бо ҳама давлатҳои ҷаҳон» маҳсуб меёбад, Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо намуд, ки бо дилхоҳ кишвари ҷаҳон ҳамкории судманди гуногунҷанбаро барқарор намуда, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ – иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик шароити мусоид фароҳам оварад. Ба андешаи коршиносони соҳа ҷавҳари ин сиёсат, ки Президент онро эълом кардаву бар он роҳбарӣ мекунад, ин аст, ки кишвари мо ҳеҷ кишвареро ғайридӯст намешуморад ва омодааст бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон – бар пояи дӯстӣ – ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дошта бошад.

Аз гуфтаҳои дар боло зикршуда, маълум мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии сарвари хирадманду дурандеши он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша хостгори мустақилияти комили давлат ва  суботу осоиши он буда, барои тақвияти ҳамкориҳо бо дигар кишварҳои олам дар таъмини осоиштагии онҳо ҳавасманд мебошад. Чунончӣ, моҳи ноябри  соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон, интихоб шуда, ки нутқи худро чунин изҳор дошта буданд: «Ман кори худро аз барқарор намудани сулҳ оғоз мекунам. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдҳастам. Мо бояд дар бобати ба эътидол овардани вазъият якдил бошем. Ман ҳам дар ин роҳ он чи аз дастам ояд, иҷро мекунам». Ҳамин тавр,бо чунин нияти нек ва иродаи қавӣ  дар як  мӯҳлати муайян Президенти мамлакат тавонист дар якҷоягӣ бо миллати сулҳхоҳу муборизи кишвар Ҷумҳурии  Тоҷикистонро ба як давлати воқеъан ҳам демокративу  ҳуқуқбунёд ва муҳимтар аз ҳама соҳибистиқлол табдил диҳад.

Бо таъмин гардидани истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан қонеъ нашуда, кӯшиш намуд, ки омилҳои мусоидаткунанда ба нооромии давлати тозаистиқлоли моро пешгирӣ намояд. Масъалаи асосие, ки Президенти мамлакатро аз ҳама бештар нигарон карда буд, ин таъсири вазъи ноороми Афғонистон ба минтақа ва ҷаҳон мебошад. Ба ақидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Афғонистони дар миёни оташи ҷангафтода манбаи хавфу таҳдидҳое мебошад, ки на танҳо вазъияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва саросари ҷаҳонро муташанниҷ месозад. Аз  ин рӯ, Президенти мамлакат аз ҷомеаи ҷаҳон даъват ба амал овардааст, ки нисбат ба ҳалли масъалаи Афғонистон бетараф набошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии сиёсии Иҷлосияи 54 – уми Маҷмаи умумии Созмони миллали муттаҳид моҳи сентябри соли 1999 таъкид намудааст, ки “Афғонистон ғаму андӯҳ ва фоҷиаи ҳам Аврупо ва ҳам Осиёст…Роҳ додан мумкин нест, ки ҷанги дохилии бистсолаи Афғонистон, ки ба халқи азияткашидаи мамлакат зарари ислоҳнопазир расондааст, ба ҷанги «Садсола» табдил ёбад ва дар ҳазорсолаи сеюм низ давом кунад”.

Бояд қайд кард, ки яке аз ҳадафҳои таваҷҷуҳи зиёд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъи ноороми Афғонистон маҳз аз сар гузаронидани оқибатҳои бади ҷанги дохилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мебошад. Чунин масъаларо Президенти мамлакат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни суханронӣ дар конфронсҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ оид ба Афғонистон таъкид намуда, барои расидан ба мусолиҳаи миллӣ Ҷумҳурии Афғонистонро даъват менамояд, ки таҷрибаи сулҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро омӯзад. Махсусан дар вохӯрии VII – уми сарони кишварҳои узви Созмони Конфронси исломӣ  (13 – 14 декабри соли 1994, Касабланка) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буд, ки “мо таҷрибаи талхи ҷанги ҳамватаниро чашидем ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҳалли мушкилии бавуҷудомадаи мардуми Афғонистонро бо роҳи зӯроварӣ ва яроқ намехоҳем”.

Бо овардани далелҳои мухтасар аз таърихи давлатдории миллати куҳанбунёди тоҷик метавон хулоса кард, ки чунин давлати дар синну сол ҷавон, аммо дар нияту амали созанда бузург,барои мавҷудияти худ бо роҳбари хирадмандаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрвандони ватандӯсту худогоҳаш талошҳои зиёде кардааст. Чунин талошҳо, ки иборат аз эълони мустақилияти комили давлатӣ, раҳоӣ бахшидани давлат аз вартаи парокандашавӣ, баргардонидани гурезагон ба меҳани худ, паноҳ бахшидан ба садҳо ятими кул ва оилаҳои ниёзманд, бунёди иншооти муҳими аср аз қабили нерӯгоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, беҳтар намудани сифати зиндагии шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ рушди босуботи миллату давлат иборат мебошанд, имрӯз аз ҳар фарди худогоҳу худшинос эътимод ба рушди минбаъдаи давлат ва саҳм гузоштан дар пешрафти онро тақозо мекунанд. Бахусус дар шароите, ки фазои иттилоотии мамлакатро ҳар гуна хабарҳои иғвоангез фаро гирифта аст, аз ҳар як шаҳрванд зиракии сиёсӣ, нигоҳи таҳлилгарона ва муҳимтар аз ҳама шинохти худ ва таърихи гузаштаи давлати худ талаб карда мешавад.

Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳое мебошад, ки барои ба даст овардани Истиқлоли комил марҳилаҳои зиёдеро паси сар намуда, ба ин неъмати бузург ноил гардид. Истиқлоли давлатӣ ҳарчанд ба осонӣ ба даст наомада бошад ҳам, аммо миллати тамаддунофар ва сулҳхоҳи тоҷик тавонист дар як муддати кӯтоҳ ба ин дастоварди бузург ноил гашта, соҳиби давлати мустақили бо ном Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад. Имрӯз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 190 кишвари олам эътироф намуда, 180 кишвари олам бо мамлакати мо робитаи дипломатиро барқарор намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз узви комилҳуқуқи 57 созмони минтақавию байналмилалӣ буда, дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба монанди обу иқлим, терроризму экстремизм ва сулҳу осоиштагӣ яке аз мамлакатҳои пешсаф ва ташаббускор аст, ки ин боиси ифтихори хурду бузурги меҳан аст.

 Инак миллати тоҷик 32-юмин солгарди ҷашни Истиқлолиятро таҷлил мекунад, ки он нишонаи муттаҳиддиву иродаи қавии ҳар як шаҳрванди баору номуси мамлакат ҳаст. Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик буда, он барои таъмини зиндагии шоиста ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ шароити мусоидро фароҳам овардааст.  

                                        Ширинбекова М.А.

ҷомеашинос