Мулоқоти Шараф Шерализода бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ

29 августи 2023 мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шӯъбаи женевагии СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Дарен Танг баргузор гардидааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии соҳаи моликияти зеҳнии кишварро, инчунин ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ мавриди муҳокима қарор доданд.