Шӯрои миллии таҳсилот  мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсии фанҳои риёзиро арзёбӣ кард

28 августи соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст.

Тавре Маркази матбуоти ин Вазорат хабар медиҳад, ки дар ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот масъалаҳои тавсияи адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодгардида, арзёбии мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии фанҳои риёзӣ (математика ва геометрия), ҳамзамон муаррифии замимаи мобилии «Бозиҳои математикӣ» мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

Зикр гардидааст, ки мусаввадаи 37 номгӯй адабиёти таълимиву методӣ баъд аз баррасӣ ва арзёбӣ аз ҷониби муқарризон ва гурӯҳҳои экспертӣ барои муҳассилини зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ пешниҳод шудааст. Мазмуну мундариҷаи адабиёти таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби муассисаҳои экспертии соҳаи маориф, гурӯҳҳои ҳамоҳангсози Шурои миллии таҳсилот ва китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ аз ҷониби шуроҳои илмию методии ин муассисаҳо ва олимону муҳаққиқони соҳа арзёбӣ гардида, баъди ислоҳи эродҳои онҳо пешниҳод шудаанд.

Раиси ҷаласа таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба масъалаҳои ҷиддан аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои экспертӣ арзёбӣ шудани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ, ба назар гирифтани талаботҳои дидактикӣ ва нақшаҳои таълимӣ ҳангоми таълифи китобҳои дарсӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҷалб намуда, таъкид намуд, ки роҳбарони муассисаҳои масъули Вазорати маориф ва илм масъалаҳои мавриди назарро мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор диҳанд.

Дар идомаи ҷаласа муаррифии замимаи мобилии «Бозиҳои математикӣ», ки аз ҷониби вазорат бо ҳамкории шарикони рушд таҳия шудааст, сурат гирифтаст. Ба иттилои манбаъ, замимаи мобилии «Бозиҳои математикӣ» барои рушди малакаҳои математикии хонандагони синфҳои ибтидоӣ равона шуда, он мувофиқи талаботи Стандарти фанни математика, аз ҷумла барои бозӣ бо адад ва амалҳои математикӣ, бузургӣ, фигураҳои геометрӣ ва пайдарҳамӣ таҳия гардидааст.