Дар брифинг намояндагони Вазорати хориҷии мамлакат, сафирони кишварҳои ҳамҷавор ва намояндагон аз консулгариҳои муқими Тоҷикистон ширкат карданд.
Дар брифинг масъалаи иштироки бевоситаи созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони ВАО – и хориҷӣ ва дигар масоили марбут ба “Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” баррасӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки 14-15 сентябри соли 2023 зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон дар ин рӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.
Дар кори саммитҳо иштироки Президентони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар назар аст.
Самандарзода П.