“Нақш ва аҳамияти Роғун дар ҳаёти мамлакати мо то рафт меафзояд, зеро ин ҷо бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бунёд мегардад, ки барои кишвари мо аҳамияти бузурги ҳаётиву стратегӣ дорад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷике, ки аз саргаҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун дидан накардааст, тоҷики асил нест! Дидани талошу заҳмат, иродаву матонати фарзандони баору номуси миллат, ки аз қаъри замин баҳри ободӣ нур меҷӯянд, моро шоҳиди васфи бузургии миллати тоҷик мекунад, ки дар тули таърих дар осори пурғановати ниёгон инъикос гардидааст. Мубориза ва ё рақобати муросокоронаи инсоният бо кӯҳҳои қавипайкар барои некуаҳолии аҳли башар кори фарҳодхислатонро осон кардаву ҳадафи хирадмандона устувориашонро бештар. Дидани шаҳомати Кохи нур илҳоми эҷоди ҳар қаламбадастро меораду аз қаъри дили эҷодкор тамоми ҳиссиёти ифтихори милливу ватандӯстиро бо нӯги қалам мерезад. Акнун сабаби эҷоди ин қадар осори бадеиву публитсистиро дарк кардам, ки солҳои охир бевосита ба мутолиа ва омӯзишу таҳқиқи онҳо машгулам. Бешубҳа хондани осори адибон моро хаёлан ба олами сохтмон мебарад, аммо бо дидани он баробар шуда наметавонад. Чун шунидан кай бувад монанди дидан.
Ва инак, тақдир имкон дод, ки бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зери роҳбарии ректори ДМТ профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо як гурӯҳи калони омӯзгорон ба макони Кохи Нур сафар намудем. Саёҳате буд хотирмон. Бо сари баланду дили пур аз ифтихори милливу ватандӯстӣ ва олами таассурот баргаштем.
Худованд барои миллати мо неъмати бебаҳои табиат-обро арзонӣ додааст ва маҳз оби мусаффои кишвар моро соҳиби сохтмонҳои азиму бемисл намудаву ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. НБО Роғун натанҳо сарчашмаи нур, балки нишони ғурур, номус, нангу ори миллат аст. Маҳз дар онҷо мо бо насли Рустаму Сиёвуш, Восеву Темурмалик рӯбарӯ мешавем. Онҷо дарк мекунем, ки мо миллати қавииродаем, дастбагиребон нестем, ҳарису ҷаҳонсӯс нестем, бо нӯги нохур аз қаъри замин ризқ меҷӯем, ҷаҳон худро месозем. Бо роҳномаӣ, ҷонфидоӣ, талошу қаҳрамониҳои Пешвои муаззами миллат, ки ҷон ба каф гирифта, дар хавфноктарин мавзеъ савори булдозер баробар бо сохтмончиён саҳмгузорӣ намуд, ба рӯзҳои нек расидем ва умеду боварӣ дорем, ки рӯзҳои хубтару беҳтар дар пешанд. Баробари сайри мавзеи сохтмон, ки ҷаҳони ғурурро мемонад, шиори такконбахши Пешвои муаззами миллат “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” Дар гӯшҳо садо медиҳаду баҳри пешравии ватани азиз дар дил ваъдаи саҳмгузорӣ дар пешрафти миллат медиҳем. Аз ин лиҳоз ҳар як тоҷик, махсусан, ҷавононро мебояд, ки аз раванди бунёди бузургтарин иншооти мамлакат бо чашми сар дидан намоянд, зеро он ташаккули худшиносиву ватандӯстиро бештару беҳтар менамояд.
Насиба Кучарова,
дотсенти факултети журналистикаи ДМТ