Боздиди шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон беш аз 40 дарсад афзудааст

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, бо дарназардошти ҳама намуди мақсадҳои сафар (хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра) 627 ҳазору 931 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 181 ҳазор 867 нафар ё 40,7% зиёд аст.

Дар ин бора раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дода, илова намуд, ки аз шумораи умумии шахрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, 487 ҳазору 403 нафарашон ба ҳайси сайёҳ омаданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 124 314 ҳазор сайёх ё 34,2% зиёд мебошад. Аз ин нишондиҳанда аз давлатҳои ИДМ 453 ҳазору 559 нафар ва аз давлатҳои хориҷии дур 33 ҳазор 844 нафар сайёҳ ворид гардиданд.
Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки айни замон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавриди амалӣ қарор дорад. Аз ҷумла, Лоиҳаи рушди сайёхӣ, ки бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд дар ҳаҷми 10. 0 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои “Тоҷикистон”