Муҳаммадтоир Саидзода: “Истифодаи планшет ва телефон дар ҷараёни дарсҳо таваҷҷуҳи хонандагонро ба хондан кам хоҳанд кард”

Дар нишасти хабарии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Ҳукумати ҶТ масъалаҳои чӣ гуна будани сифати таҳсилот, низомҳои нав дар самти таълим, истифодаи планшет ва телефонҳои мобилӣ аз ҷониби хонандагон баррасӣ гардид.

Муҳаммадтоир Саидзода директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Ҳукумати кишвар нахуст доир ба фаъолияти нимсолаи аввали соли 2023 мухтасаран иттилоъ дод ва сипас ба суолҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас гардонид. Суоли мавриди назари мо дар ин нишасти хабарӣ чӣ гуна самар овардани низоми таҳсили босалоҳият дар сатҳу сифати таълим буд. Бояд гуфт, ки тайи чанд сол аст, ки дар ҷумҳурӣ усули дарсдиҳӣ ба тарзи салоҳиятнок ба роҳ монда шудааст, аммо бархе ин усулро самаранок намедонанд. Аммо посухи Муҳаммадтоир Саидзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Ҳукумати ҶТ дар робита ба ин мавзӯъ тафовут дошт. Ба таъкиди Муҳаммадтоир Саидзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Ҳукумати кишвар агар низоми босалоҳиятро хуб ба роҳ монд самараи хуб ба бор меорад ва соҳаи маориф аз истифодаи ин низом танҳо бурд хоҳад кард.

Яке аз масъалаҳое, ки дар ин нишаст матраҳ гардид ин низоми таҳсили 12 – сола буд, ки расонаҳои ватанӣ ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Муҳаммадтоир Саидзода директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Ҳукумати ҶТ посух дод, ки ин низомро метавон дар минтақаҳое, ки шароити хуби таҳсил доранд ба роҳ монд ва умуман хуб аст вақте дар самти таълим низомҳои нав ба нав истифода мешаванд.

Дигар масъалаи қобили таваҷҷуҳ дар нишасти хабарии ин ниҳод дар робита ба Қарори вазири маорифи кишвар дар бораи истифодаи телефон ва планшетҳо буд. Муҳаммадтоир Саидзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Ҳукумати ҶТ дар ин маврид гуфт, дар ҳоли истифодаи планшет ва телефонҳои мобилӣ хонандагон ба хондан камтаваҷҷуҳ хоҳанд шуд.

Тибқи иттилои масъулини агентӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 раёсату шуъбаҳои Агентӣ 575 аттестатсияи давлатӣ, 268 аккредитатсияи давлатӣ, 2 азнавбарасмиятдарорӣ ва 41 иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимиро ба анҷом расонидаанд. Маврид ба зикр аст, ки роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Ҳукумати ҶТ бо вуҷуди хуб арзёбӣ намудани сатҳи донишазхудкунии муҳассилин ҳанӯз ҳам онро нокифоя арзёбӣ мекунад ва онро ба талаботи меъёрҳои муайяншуда ҷавобгӯ намедонад.

Парвина Самандарзода

радиои “Тоҷикистон”