Шаби 9-уми август ҷудокорони шинохтаи кишвар Темур Раҳимов (+100кг) ва Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) бо медалҳои нуқраи мусобиқаи Hungary Masters 2023 ба ватан баргаштанд.
Паҳлавонони шӯҳратёри кишварро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе наздикону пайвандон, дӯстон ва намояндагони соҳаи варзиши мамлакат самимона истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Hungary Masters 2023 дар шаҳри Будапешти Маҷористон, аз 4-ум то 6-уми август бо иштироки 420-варзишгар (217-мард, 203-зан) аз 59-кишвари ҷаҳон баргузор гардид.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Эмомалии Нуралӣ (-66кг), Обид Ҷебов (-66-кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Короншоҳи Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ карданд.
Миёни ҷудокорони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов ба гирифтани нишони нуқраи ин мусобиқа даст ёфтанд. Нишони нуқраи Беҳрӯз аввалин дар корномаи варзишиаш ва аз Темур бошад дуюмин дар корномааш дар мусобиқаҳои ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.