Рўзҳои 24-25 майи соли равон дар вилояти Хатлон Форуми сеюми байналмиллалии содиротии «Бохтар-Фуд» баргузор гардид, ки дар натиҷа 16 созишнома ба маблағи 170 млн.сомонӣ ба имзо расид, ки ин дастоварди хубест, – таъкид дошт Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода зимни нишасти матбуотӣ.
Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз дошт, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди содиротӣ тавассути мусоидат ба тиҷорат, талаф наёфтани маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамоҳангсозии заминаи меъёрии рушди содирот дар ҷумҳурӣ панҷ маркази тақсимоти яклухти маҳсулоти кишоварзӣ ва логистикӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда ба пешрафти иқтидори содиротии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
«Ҳамчунин бо мақсади дастгирии содиркунандагони ватанӣ бо 5 ширкати ҳавоии дохиливу хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки дар натиҷа барои 1кг маҳсулот на 2 доллар, балки 49 сент маблағ пардохт карда мешавад. Кадами устувори дигар он аст, ки бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе ва баъдан дар минтаќаҳои мамлакат «Мактаби содирот» таъсис дода шуда, содиркунандагони маҳсулот аз коршиносони хориҷи нозукиҳои содиротро хоҳанд омухт»,-афзуд Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”