Ҷиҳати саҳмгузорӣ дар иқтисодиёти рақами КВД БД «Амонатбонк» дар муассисаҳои давлатӣ 239 адад ва дар бахши хусусӣ 609 адад посттерминал насб намудааст, ки гардиши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути онҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасониҳо 26 млн.сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 фоиз афзудааст.
Ба ҳолати 30 июни соли равон шумораи умумии нуктахои савдо ва хизматрасонӣ, ки дар онҳо QR –рамз насб шудааст, ба 1 098 адад ва барои шахсони воқеӣ 1461 адад расида, дар ин давра шумораи амалиётҳо 8877 адад ва гардиши онҳо 1млну 814 ҳазор сомониро ташкил намудааст. Ҷиҳати хизматрасонии саривақтӣ ба мизоҷон ба миқдори 167 хазор адад кортҳои беномаи «Фарогир» интишор гардида, ба филиалҳо дастрас карда шуд.
Шумораи истифодабарандагони барномаи мобилӣ 391 ҳазор 115 адаро ташкил дод. Пайвасткунии ташкилоту корхонаҳо ба хизматрасонии интернет-бонкинг роҳандозӣ шуда, айни ҳол 8 044 корхонаву муассиса ба он пайваст шудааст.
Гардиши байнибонкии ҷумҳури 94,4 млрд.сомонӣ ва ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ тавассути ҳисобҳои корреспондентӣ 1,2 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла гардишҳо тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ 7, 2 млрд сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз афзудааст.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”