Бо максади муайян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он Хадасоти зиддиинҳисорӣ дар як қатор субъектхои хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронид, ки дар натиҷаи онҳо қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 6,2 млн сомонӣ ошкор ва ба буҷети давлатӣ гузаронида шудааст.
Дар ин бора муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода зимни баргузории нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дода, афзуд, назорати маҳсулоти воридотӣ ва нарху навои он сардори хадамот таъкид намуд, ки бозори воридоти гандуму орд, бозори воридоти шакару равғани растанӣ, истеҳсоли тухм, бозори доруворӣ, сузишворӣ назорат карда шуда, воридкунандагони маҳсклоти ин бозорҳо муайян шуданд.
Ба иттилои манбаъ, таҳлилҳо нишон доданд ки воридоти гандум нисбат ба соли сипаригардида 12 4 фоиз афзоиш ёфта, арзиши он 35 доллар коҳиш ёфтааст. Дар навбати худ воридоти орд 21,2 ҳазор тоннаро ташкил дода, 8,3 фоиз коҳиз ёфтааст. Ин маънои онро дорад, ки орд асосан дар корхонаҳои мамлакат аз ҳисоби гандуми воридотӣ истеҳсол шуда истодааст. Иштирокчиёни бозори воридоти орд аз ин ҳисоб аз 50 субъекти хоҷагидор дар соли 2020 ба 25 субъект дар соли равон кам шуд.