Мунтахаби Тоҷикистон бозии аввалинро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими миллии Урдун доир менамояд

Тими мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими Урдун рақобат мекунад. Рақобати дастаҳои рӯзи 16-ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «G» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Урдун ва ғолиби ҷуфти даври аввали интихобӣ миёни дастаҳои Камбоҷа – Покистон рақобат хоҳад кард.

Дар умум дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Тоҷикистон 6-бозӣ, 2-вохӯрӣ моҳи ноябри соли 2023 ва 4-бозии дигар моҳҳои март ва июни соли 2024 анҷом медиҳад.

Пас аз ҷамъбасти даври дуюми марҳилаи интихобӣ ғолибони 9-гурӯҳ ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳояшон ҷойҳои дуюмро соҳиб мешаванд, муборизаро дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 идома дода, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисмати финалии Ҷоми Осиё-2027 мегарданд.