ИХТИСОСИ НАВ БАҲРИ РУШДИ СОҲАИ АГРАРӢ

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар доираи Даҳсолаи байналмиллаии «Об –барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 ва барои  рушди ҳамкориҳо дар равияи магистратура ихтисоси омӯзиши захираҳои об ва дипломатияи обро таъсис медиҳанд. Зеро таваҷҷуҳ ба ин масъалаҳо рӯз ба рӯз бештар гардида, масъалаи об яке аз масъалаҳои глобалӣ дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад. Дар ин хусус имрӯз ректори донишгоҳи номбурда Усмон Маҳмадёрзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  сол ба сол барои ҷалби довталабон ихтисосҳои талаботи бозорро ифтитоҳ менамояд ва «Маркази омўзиши карера», ки соли  равон таъсис ёфтааст, маҳз ба натиҷаҳои таҳсили хатмкунандагон равона гардидааст. Яъне ҳар як хатмкунанда ба махзани маълумот ворид карда шуда, то ба ҷои кор рафтани ў ва дар кадом соҳа ба фаъолият машғул шудани вай таҳлил карда мешавад. Ин имкон медиҳад, то интихоби ихтисосҳо боз ҳам беҳтару бештар гардад ва ҷалби довталабон низ дар бозори рақобатноки донишгоҳҳо осонтар шавад. Ихтисоси наве, ки дар донишгоҳ соли равон бори аввал довталабонро қабул намуд, ин заргӯшпарварони оянда мебошад. Зеро вобаста ба рушди ин соҳа барномаи давлатӣ қабул шудааст, аммо мутахассисони соҳа дар хоҷагиҳо намерасанд.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳ дар айни замон бо 112 донишгоҳу донишкадаи 14 давлати дунё ва 26 барномаи ташкилоти хориҷӣ дар самти таълим, илм, такмили касб ва коромӯзии омӯзгорон, таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ва дигар самтҳои таҳсилӣ ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Ҳоло дар 10 факултети донишгоҳ 6629 нафар донишҷў аз руйи 51 ихтисос дар шуъбаи рӯзона, 20 ихтисос дар шуъбаи ғоибона фаро гирифта шудаанд. 

Ш. Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”