Раёсати Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мегӯянд, дар соли ҷорӣ намунаи ягонаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ барои хатмкунандагони Донишгоҳ тасдиқ шуд, ки дар самти ба расмият даровардани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ иқдоми аввалин мебошад. Ин нуктаро имрӯз ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО-и кишвар иттилоъ дод.
Инчунин дар рафти нишасти ин ниҳод иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳро 388 нафар бо дипломи аълочи хатм намуданд, 269 нафар хатмкунандагони шуъбаи рӯзона 4 нафар хатмкунандагони шакли таҳсилоти фосилавӣ, 10 нафар хатмкунандагони таҳсилоти 2-юми олӣ ва 55 нафар хатмкунандагони зинаи таҳсилоти магистратура мебошанд.
Ҳамчунин Қобилҷон Хушбахтзода зикр намуд, ки ифтитоҳи Телевизиони таълимии ДМТ дар пояи факултети журналистикаи донишгоҳ таъсис дода шуд, ки бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ студияи таълимии телевизиони донишгоҳ бо техникаю таҷҳизотҳои нави замонавӣ муҷаҳаз гардонида шуда, он имкон медиҳад, ки модулҳои нави зарурии таълимӣ дар асоси меъёрҳои муосир ба амалия нигаронида шуда, ҷорӣ шаванд.
Ҳамзамон ДМТ тасмими дорад дар оянда тариқи шабакаҳои телевизиони барномаҳои омода шударо пахш намоянд.