25 июли соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид бо роҳбари дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиел мулоқот намудааст.
Тавре Маркази матуботи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва тадбиқи барномаву лоиҳаҳо дар ин самт миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Дафтари СММ дар Тоҷикистон изҳори андеша карданд.
Гуфта мешавад, дар мулоқот раиси вилояти Хатлон қайд намуд, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои рушдёбандаи кишвар ба ҳисоб рафта, шароити иқлими вилоят имкон медиҳад, ки зироатҳои кишоварзӣ ба таври фаровон рӯёнида мешавад. Ҳар сол кишоварзони вилоят ба хориҷи кишвар беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулот, аз ҷумла меваю сабзавот, полезӣ ва дигар номгӯи маҳсулотро содирот менамоянд. Гуфта шуд, ки имконияти зиёд кардани содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, махсусан сабзавоти барвақтӣ пиёз, помидор, бодиринг ва меваҷот аз вилоят мавҷуд аст.
Ҳамзамон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба дигар имкониятҳои мавҷудбудаи вилоят ба меҳмон иттилоъ дода, баён доштааст, ки барои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Илова бар ин, вилояти Хатлон бо табиати зебо, кӯҳу қуллаҳои баланд, обу чашмаҳои шифобахшаш барои рушди сайёҳӣ низ имкониятҳои зиёд дорад.
Дар навбати худ ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Парвати Рамасвами андешаҳои худро ҷиҳати ҳамчун ҳамоҳангсози доимӣ дар Тоҷикистон бо хушнудӣ баён дошта иброз намудааст, ки Созмони Милали Муттаҳид баҳри рушди босуботи соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ҳамеша омода аст ва мақсади ин мулоқот низ ҷоннок намудани ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад. “Ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои ҷадид ва баланд бардоштани имкониятҳои иқтисодии вилоят дучанд кор карда, дар самти таъмини технологияҳо мусоидат намоем. Мо низ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориро бо ҷониби Шумо умедворӣ мекунем” – гуфтааст хонум Парватӣ.
Зимнан дар баромади худ роҳбари дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиел аз таҷрибаи зиёди худ дар самти амалигардонии лоиҳаҳо дар Тоҷикистон андешаронӣ карда, изҳори итминон намуданд, ки он чи имкониятҳо даст медиҳанд баҳри ҳамкорӣ бо вилояти Хатлон омодаанд.
Ҷаноби Ленни ҳамзамон иброз доштааст, ки вобаста ба таҳияи лоиҳаҳо дар самти бунёду азнавсозии роҳҳо дар ноҳияҳои вилоят омодаи дастгирӣ ҳастанд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳамчунин қайд карданд, ки дар самти бунёди корхонаҳои хурд лоиҳаи наверо таҳия кардаанд ва баҳри амалишавии он талош доранд.
Иброз шуд, ки агар ин лоиҳа татбиқ карда шавад ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад. Зимнан дигар масъалаҳои мубрам мавриди муҳокима қарор гирифт.