Футболбозони «Истиқлол» барои ҷамъомади таълимӣ ба Ӯзбекистон сафар карданд

Ҳайати бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҷиҳати идома додани қисми дуюми ҷамъомади таълимии тобистона ба кишвари Ӯзбекистон сафар намуданд.

Нимаи дуюми рӯзи 18-уми июл бозингарони дастаи «Истиқлол» ҷиҳати идомаи омодагӣ ба мусобиқаҳои дар пешистода, вориди шаҳри Қаршӣ шуданд. Ҳайати даста дар меҳмонхонаи «Гранд Сарбон» ҷой гирифта, дар варзишгоҳи марказии шаҳр тамринро оғоз намуданд.

Имрӯз, 19-июл футболбозони «Истиқлол» дар доираи ҷамъомадӣ омузишӣ бо дастаи «Насаф» вохурии санҷишӣ доир мекунанд. Рақобати дастаҳо соати 20:00 оғоз мешавад.