17 июли соли 2023 дар Душанбе таҳти раёсати вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерали Кабир ва вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Чехия Jozef Síkela ҷаласаи 2-юми Гурӯҳи доимамалкунандаи байниидоравии Тоҷикистон ва Чехия оид ба ҳамкориҳои саноатӣ ва иқтисодӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти соҳавии ду кишвар баргузор гардидааст.
Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо сатҳи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногуни тиҷорату иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, молия, илму таҳқиқот, фановариҳои муосир ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ба мақсади густариши робитаҳои баъдӣ зарурати татбиқи лоиҳаҳову барномаҳои муштарак, аз ҷумла амалисозии кластери агросаноатӣ, саноат, бахусус дар соҳаҳои мошинсозӣ, нассоҷӣ, истеҳсолӣ, саноати кӯҳӣ, металлургӣ, электротехникӣ, нақлиёт, тиҷорат, рушди соҳибкорӣ, энергетика ва туризм таъкид гардид. Ба ин муносибат эҷод ва фаъол намудани абзорҳои навин ва муосири ҳамкории саноати истеҳсолӣ ва сармоягузорӣ, ба монанди анҷуманҳои тоҷирон, намоишҳои маҳсулоти ду кишвар муҳим дониста шуд.
Манабъ зикр мекунад, ки гузашта аз ин, дар доираи сафари вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Чехия Йозеф Сикела ба кишвар Анҷумани саноатӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар баргузор гардид, ки дар поёни он байни вазирони саноати Тоҷикистону Чехия протоколи ҷамъбастии нишасти 2-юми Гурӯҳи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба ҳамкориҳои саноатӣ ва иқтисодӣ ба имзо расид.
Санади мазкур мавзуъҳои мубрами дуҷонибаро дар самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳои ду кишвар дар бар гирифта, баргузории нишасти навбатиро соли 2024 дар шаҳри Прага пешбинӣ намудааст.