16 июли соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Самиҳ Исо Ҷавҳар Ҳаёт баргузор гардидааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Кувайтро дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо зарурати табодули сафарҳоро дар сатҳҳои баланду олӣ таъкид намуданд.