Санаи 14 июли соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия – Файзиддин Қаҳҳорзода бо cафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мануэл Микаллер баргузор гардидааст.
Тавре сомонаи расмии Вазорати молия хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои иқтисоду савдо, рушди сармояи инсонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, инчунин дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.