Китоби нави муаррих ва фарҳангшиноси тоҷик Ҷонибек Асрориён бо номи “Достони Нозкӯл” чоп шуд.
Китоб аз таърихи сарзамини Хатлон, ки дар тақдири миллати тоҷик нақши бориз дорад, бо далелу ҳовандҳо маълумот медиҳад.
Бештари мавод хосияти таҳлилӣ ва таҳқиқӣ дошта, аз гузаштаи минтақае пешниҳод шудааст, ки ба хонандаи оддӣ дастрас набуд. Дар навишта аз ёдгори асри биринҷӣ Ғелот ва дастовардҳои бостоншиносӣ, шаҳбонуи Ғелот, Нозкӯли таърихӣ, Ҳулбук — марвориди асри миёна, заминаҳои пайдоиши шеъри тоҷикӣ, муборизаи фарзандони сарсупурдаи миллат бар зидди истилогарони арабу муғулу турк, аспони шуҳратманди хатлӣ ва анъанаву русуми мардум ҳикоёти хеле дилчаспу хонданӣ фаровонанд.
Китоб барои доираи васеи хонандагон нигаронида шудааст.