Бо мақсади баланд бардоштани малакаи варзишгарон ва дарёфти чехраҳои нав ҷихати шомил гардидан ба ҳайати мунтахаби ҷудои кишвар, рӯзҳои 11-ум ва 12-уми августи соли 2023 дар Ноҳияи Рашт, Мусобиқаи Ҷумхуриявӣ оид ба гуштини ҷудо миёни ҷавонон баргузор мешавад.
Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар ин мусобиқа 7-даста, ҳудуди 250-варзишгар аз тамоми манотиқи кишвар иштирок мекунанд.